Муассисаҳои таълими ибтидоӣ аз нав эҳё мегарданд

Август 29, 2014 12:10

Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ машварати августии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон ба кори худ оғоз кард. Дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Ҷамъияти ҳамкориҳои Байналмилалии Олмон, ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон иштирок доранд. 
Дар машварат масъалаҳои таҷдиди муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар асоси талаботи бозори меҳнат, роҳҳои мустаҳкам намудани заминаи методологии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон баррасӣ мегарданд. 
Дар Маркази таълими калонсолони вазорат,  инчунин маҳсулоти тайёрнамудаи донишҷӯёни муассисаҳои ибтидоии касбӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Бино ба гуфтаи сармутахассиси раёсати  таҳсилоти ибтидои касбӣ ва таълими калонсолони вазорат Нозимҷон Сиддиқов, маҳсулоти тайёркардаи донишҷӯёни ин муассисаҳои  таълимӣ харидорони худро доранд. «Имрӯз ҳатто меҳмонон низ ба маҳсулоти намоишгоҳи мо  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Даромаде, ки аз фурӯши ин маҳсулот  ба даст меояд, барои рушди муассиса ва маоши муаллимон сарфа карда мешавад»,- афзуд мусоҳиб.  
«Имсол бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон,  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз хониши се сола ба ду сол табдил дода шуд. Мо имрӯз мехоҳем собит  созем, ки муасисаҳои таълимӣ ба рушд ва таҷдид ниёз доранд. Ҳоло муассисаҳои таълими ибтидоӣ  аз нав эҳё гашта истодаанд. Маркази таълими калонсолони вазорат бо  таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, мо кӯшиш дорем бо дастгирии  барномаҳои байналмилалӣ  ба муассисаҳои дигар низ таҷҳизоти муосир  ворид намоем,  вале барои ин ба  мо вақт лозим аст»,- гуфт сардори  раёсати тахсилоти ибтидои касбӣ ва таълими калонсолони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Орифҷон Убайдов.  
Имрӯз дар Душанбе 12 муассисаи таълими ибтидоӣ  фаъолият  мекунад.  Дар Маркази таълими калонсолон  беш аз 15 ихтисос таълим дода мешавад. Муддати таълим дар ин муассисаҳо се ва  шаш моҳ мебошад. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии  касбӣ фаъолият  дошта, тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  61 -тои он аз марти соли ҷорӣ  ба тавозуни Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гузашт. Аз он 22 муассиса дар вилояти Суғд, 18 -то дар Хатлон, 12 -то дар Душанбе, як муассиса  дар ВМКБ ва боқимонда дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъол мебошанд»,- афзудт  Орифҷон Убайдов. 
 
 
 
 
 

Август 29, 2014 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд