Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Константин Косачев
Душанбе, 8.08.2014 (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат) — Вохӯрии Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомиддин Сатторов бо роҳбари Россотрудничества Константин Косачев 6 август дар Москва баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо қайд намуданд, ки ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия, ки имрӯз на танҳо дар шакли дуҷониба, балки дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ИДМ ва СААД бомуваффақият густариш меёбад, тахкими ташаббусҳои нав дар риштахои судманд зарур аст.Махсусан роҳбари Россотрудничества зикр намуд, ки аз чониби маркази илм ва фарҳанги Руссия дар Душанбе бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ мунтазам чорабиниҳои фарҳангию маорифпарварӣ, мизҳои мудаввар ,конфронсҳо ҳамчунин тамошои кинохо, консертҳо газаронида мешаванд, ки намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанони рус , донишҷӯён ва мактаббачагон ташриф меоранд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






