Сафир пагоҳ субҳ Тоҷикистонро тарк мекунад

Август 6, 2014 15:11

Душанбе, 6.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Эдуард Ауэр баъди мулоқот бо Президенти кишвар ба хабарнигорон андешаҳояшро чунин иброз намуд:«Муҳлати ваколати ман ҳамчун Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид. Ман тӯли чоруним сол дар ин кишвар адои вазифа намудам ва пагоҳ субҳ ин кишварро тарк хоҳам кард. Чанд дақиқа қабл ман мулоқот ва сӯҳбати хайрбодии худро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додам. Мо доираи васеи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, масоили васеи ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодии байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро мавриди муҳокимаи тарафайн қарор додем. Дар бораи самтҳои асосии сиёсати минтақа табодули афкор намудем. Мо ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкориҳо бобати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва масъалаҳои амниятӣ ва нерӯи барқ инчунин сӯҳбат намудем. Ҳарду ҷониб ҳамақида бар он будем, ки муколамаи созандаи муфиди байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар тули солҳои охир хислати хеле фаъол касб намуд. Имрӯз муносибати дуҷонибаи мо тамоми соҳаҳову арсаҳои иртиботи моро фаро мегирад. Сафири нави Иттиҳоди Аврупо аввали моҳи сентябр ба Тоҷикистон ташриф меорад ва ман изҳори итминон мекунам, ки Сафири тозаинтихоб низ сиёсати минбаъдаро барои таҳкими ҳамкориҳои мо идома хоҳад дод. Ман дар робита ба дурнамои рушди ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон хушбин ҳастам ва якчанд масъалаҳо ва ё соҳаҳои муҳиме, ки дар бобати онҳо ҳарду ҷониб метавонанд ҳам муҳовараи худ ва ҳамкориҳои худро идома диҳанд ин пеш аз ҳама робитаҳои иқтисодӣ, ислоҳот, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва рушди минтақавӣ мебошад. Ман фикр мекунам ҳарду ҷониб барои идомаи ҳамкориҳо дар ин самтҳо омода мебошанд. Дар робита ба таассуроти худ аз ин кишвар метавонам гӯям, ки ман тӯли фаъолияти худ бо доираи ашхоси зиёд, нафарҳои самимӣ ва дӯстони худ дар Тоҷикистон робита ва ҳамкорӣ доштам аз онҳо бисёр хотираҳои нек дар ман боқӣ мондааст ва боқӣ хоҳад монд. Ман тӯли фаъолият ва сукунати худ дар Тоҷикистон қариб, ки аз тамоми гӯшаву канори ин кишвари зебоманзар дидан намуда будам ба мавзеъҳои кӯҳсори зебои Тоҷикистон ташриф оварда будам. Ман бо як ҷаҳон таасуроти хуб ва хотираҳои неки фаромӯшнашаванда дар бораи Тоҷикистон лаҳзаҳои ёддоварӣ хоҳам намуд ва изҳори итминон мекунам, ки дар фурсатҳои наздиктарин бори дигар ҳамроҳ бо ҳамсарам барои гузаронидани яке аз таътилҳои худ ба ин кишвари дилнишину дилпазири Тоҷикистон боздид ба амал хоҳем овард».

Август 6, 2014 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд