Ҷаласаи зимистонгузаронии ВМКБ дар ҳузури муовини Сарвазир
Душанбе, 29.09.2014. АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷиҳати боздид аз ҷараёни омодагиҳо ба тирамоҳу зимистон рўзҳои 23-25-уми сентябри соли ҷорӣ бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт. Боздиди муовини Сарвазир аз рафти сохтмони пулҳо дар минтақаи Шӯрообод оғоз гардид. Дар ин мавзеъ, ки пайваста барои мошинҳои боркашу сабукрав дар фасли баҳору зимистон мушкилиҳо эҷод мегардид, ду пул пурра мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар пули сеюм босуръат идома доранд. Зимни суҳбат бо раиси ноҳияи Шӯрообод ва сохтмончиён қайд гардид, ки таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи шоҳроҳи Душанбе-Қулма аз вазифаҳои стратегии Ҳукумати кишвар ба шумор рафта, сохтани пулҳо дар қитъаҳои хатарзою осебпазир, кафолати ба маротиб зиёд гардидани гардиши молу коло тариқи ин шоҳроҳ мебошад.
Ҳамчунин муовини Сарвазир аз қитъаи роҳи сохташудаистодаи Шоҳон-Зиғар дидан намуд. Дар рафти шиносоӣ бо корҳои анҷомшуда, лоиҳаи ба нақша гирифташудаи пули 5-ум қабул нашуда, тавсия гардид, ки якчанд лоиҳаи алтернативӣ ба Вазорати нақлиёт пешниҳод намоянд. Вобаста ба пулҳои 6,7,8 эродҳои ҷиддӣ гирифта шуд, аз ҷумла қайд гардид, ки баландии пулҳо ҷавобгўи талабот набуда, ҳаҷми регу шағалҳое, ки об меорад дуруст ба инобат гирифта нашудаанд, нисбати пули №9 бошад, эрод набуд.
Зимни боздид аз ҷараёни сохтмони пули Ванҷоб бошад, муаян гардид, ки аз 20 сутуни (свай) зарурии пул, 7 тояш насб гардида, 8 –умаш омода мегардид. Сохтмони пули мазкур бояд то баҳори соли оянда пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Зимни суҳбат аз раиси ноҳияи Ванҷ даъват карда шуд, ки новобаста аз он, ки имрўзҳо бинобар хароб будани купруки Ванҷоб, нақлиёти боркашу мусофиркаш аз купруки мувақатӣ истифода мебаранд, зарур аст, ки сохтмончиёнро дастгирӣ намоем ва ба ҷараёни кор дар ин пул пайваста вусъат бахшем.
24 сентябр дар ҳузури муовини Сарвазир Азим Иброҳим ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар шаҳри Хоруғ бо иштироки муовинони вазорату идораҳои соҳавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф, молия, иқтисод ва савдо, омор ва кишоварзии шаҳру ноҳияҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 ҷаласаи сайёри навбатии Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.
Оид ба ҳолати кунунии омодагии вилоят барои зимистонгузаронии солҳои 2014-2015 ахбороти муовини раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Исроров Исрор шунида шуд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар ҳудуди вилоят беморхонаҳо, мактабҳо, муассисаҳои то мактабии кўдакон, биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо тавассути бухориҳои аловмонӣ (печкаҳо) ва бо барқ коркунанда гарм карда мешаванд. Корхонаҳои саноатии вилоят асосан бо қувваи барқ фаъолият дошта, мунтазам кор карда истодаанд. Дар самти таъмини барқ, қайд гардид, ки Ширкати барқии «Помир Энерҷи» ягона ширкатест, ки фаъолияти худро дар самти истеҳсол, интиқол ва фуруши қувваи барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон амалӣ гардонида истодааст.
Ба ҳолати имрўза зиёда аз 80 фоиз таҷҳизоти электромеханикии НБО-ҳои Ширкат аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шудаанд ва то моҳи октябри соли ҷорӣ, пурра омода карда мешаванд.
Соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таъминоти барқ ва паст намудани талафотҳои техникии интиқоли барқ, НБО-и «Намадгут» ба системаи марказии Ширкат пайваст гардид. Бо мақсади баланд намудани тавоноии НБО-ҳои «Хоруғ» ва «Намадгут» бо Ширкти Ҷумҳурии Халқии Хитой оиди тайёр намудани чархаҳои корӣ барои ин турбинаҳо шартнома баста шуд. Тибқи шартнома то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ин турбинаҳо ба ҷумҳурӣ оварда мешаванд. Дар маҷмўъ тавоноии НБО-и «Намадгут» аз 1700 ба 2000 кВт ва НБО-и «Хоруғ» аз 8700 ба 9000 кВт расонида мешавад. Муштариёни қувваи барқи шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рўшон ва Ишкошим, дар тамоми мавсими сол аз истифодаи қувваи барқ бархурдор мебошанд. Ноҳияи Дарвоз бошад, дар фасли тобистон шабонарузӣ бо барқ таъмин буда, дар фасли зимистон мувофиқи реҷаи муайянгардида таъмин карда мешавад. Таъмини барқ дар ноҳияи Ванҷ дар фасли тобистон шабонарузӣ буда, дар фасли тирамоҳу зимистон 18-22 соат таъмин мегардад, ҷамоати Язғулом бошад, дар фасли зимистон 12-16 соат бо қувваи барқ таъмин карда мешавад. Муштариёни қувваи барқи ноҳияи Мурғоб бошанд, дар фасли тобистон 14-16 соат ва дар фасли зимистон 8-12 аз қувваи барқ истифода мебаранд.
Соли 2014 дар асоси маблағҳои ҷудо гардида, барои муассисаҳои иҷтимоии вилоят 7398,6 тонна ангиштсанг ва 9481,3 м3 ҳезум ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла барои соҳаи маориф 5806,7 тонна ангиштсанг ва 7210,4 м3 ҳезум, тандурустӣ 1092,4 тонна ангиштсанг ва 1503,3 м3 ҳезум ва фарҳанг 499,5 тонна ангиштсанг ва 839,1 м3 ҳезум. Ба ҳолати 22-юми сентябри соли ҷорӣ ба миқдори 5413 тонна ангиштсанг (73%) ва 5125 м3 ҳезум (54%), аз он ҷумла дар муассисаҳои соҳаи маориф 4464 тонна ангиштсанг (77%) ва 3851 м3 ҳезум (53,4%), идораҳои соҳаи тандурустӣ 665 тонна ангиштсанг (61%) ва 1170м3 ҳезум (81,7%), идораҳои соҳаи фарҳанг 207 тонна ангиштсанг (40,2%) ва 420 м3 ҳезум (50,1%) захира карда шудааст.
Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят аз ҳисоби дарахтбурии бехдоштӣ 112 м3 ҳезум ва 211 м3 саршох тайёр намуда, 24 тонна хошок захира намудааст.
Дар соли 2014 барои сохтмон ва таъмири иншооти соҳаи маориф маблағи 6421,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ аз маблағҳои пешбинишуда 2215 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудааст. Инчунин аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 барои лоиҳакашии 8 адад иншоот 131,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 979 км роҳҳоро ба маблағи 1553,4 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ баровард. Ба ҳолати 22 сентябри соли 2014 дар муассисаҳои зертобеъ 12691 м3 маводи зидди лағжиш, 8840 литр сўзишвории дизелӣ, 12,4 тонна ангишт ва 35,4м3 ҳезум захира гардидааст. Аз 127 адад механизми роҳсозӣ 114 адад коршоям буда, 14 адад дар таъмир мебошанд.
Аз тарафи намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят барои аҳолии мавзеъҳои дурдасти вилоят, аз ҷумла водии Бартанги ноҳияи Рушон ба миқдори 32 тонна, ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 30 тонна ва ҷамоати деҳоти Сежди ноҳияи Роштқалъа 40 тонна орд захира карда шудааст.
Баъди ҳисоботи раиси ситоди вилоят, раиси вилоят қайд намуд, ки маблағҳои ҷудогардида барои харидории ангишт ва ҳезум аз тарафи Вазорати молия саривақт ҷудо гардидаанд, вале аз бемасъулиятии роҳбарони алоҳидаи идораву муассисаҳои вилоят маводи сўхт то кунун ба пуррагӣ, барои мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ харидорӣ нагардидааст. Махсусан, вазъияти таъминоти ангишт ва ҳезум дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим нигаронкунанда мебошад. Борҳо таъкид карда шудааст, ки қарздории аз ҳисоби солҳои пеш пайдо гардида аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи солҳои 2014-2015 бояд пардохт карда нашавад. Новобаста аз он ки ВМКБ, яке аз минтақаҳои субвенсионии кишвар мебошад, маблағхои пешбинишуда, барои омодагии муносиби зимистонгузаронӣ, ҳанўз 4 моҳ пеш ба суратҳисоби вилоят гузаронида шуда буданд, сабаби иҷро нагардидани супоришҳо дар бемасъулиятии раисони шаҳру ноҳияҳо мебошад. Баъд аз оғоз гардидани фаъолияти Гурўҳи кории зимистонгузаронӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, омори ҳаррўза нишон медиҳад, ки корҳои омодагии зимистонгузаронии барои солҳои 2014-2015 ба маротиб вусъат гирифтанд ва корҳои боқимонда дар рўзҳои наздик ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Мутаасифона ин корҳо дар давоми 120 рўзи тобистон иҷро нагардидаанду, акнун вусъати тоза гирифта истодаанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни баромади худ қайд намуд, ки ҳар сол Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш барои давраи тирамоҳу зимистон қабул мегардад, дар асоси он қарорҳои дахлдори раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва фармонҳои роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдор ба тасвиб мерасанд. Яке аз меъёрҳои баҳодиҳии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ин саривақт омода гардидан ба давраи тирамоҳу зимистон мебошад. Вале аз беэътиноии роҳбарони алоҳида омодагӣ ба мавсим тӯл кашида, ба ҷойи чор моҳ нақшаи қабулгардида то охири сол давом меёбад ё ҳатто қисман иҷро намегардад. Қисме аз роҳбарон бошанд, бо рақамҳои бардуруғ худро ва тамоми ҷамъиятро фиреб медиҳанд. Дар ВМКБ, роҳбарони 8 шаҳру ноҳия ва 43 ҷамоатҳои деҳот мутасадиёни асосии зимистонгузаронӣ ба шумор мераванд ва ҳамчун хизматчии давлатӣ дар ин самт фаъолият доранд, вале ногуфта намонад, ки фаъолияти на ҳамаи онҳо дар ин самт пайваста ба назар мерасад.
Қайд карда шуд, ки агар ба воқеият назар афканем, аслан 7 манбаи гармидиҳӣ: барқ, ангишт, гази моеъ, ҳезум, мазут, керосин, солярка ва сузишвории табии вуҷуд дорад.
Дар 8 моҳи соли ҷорӣ барои муштариёни барқи вилоят 113,745,926 кВт-соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2013, 2 010 894 кВт/с ё ба андозаи 3.04% зиёдтар мебошад. Чамъоварии маблағ назар ба ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 12.3% ё ин ки 1871 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар давраи ҳисоботӣ, қарздории дебитории корхонаҳои буҷавӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 42.4% кам гардид. Талафоти қувваи барқ дар ин давом 13,41%-ро ташкил дод, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2013 (14,18%) ё ба андозаи 0,77 % камтар аст. Марҳила ба марҳила паст шудани талафот асосан аз ҳисоби васлкунии ҳисобкунакҳои барқӣ, гирифтани пеши роҳи истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, таъмири хатҳои интиқол ва зеристгоҳҳо, иваз кардани симҳои луч ба симҳои оиқдори намуди СИП ба даст оварда шуд. Ҳамчунин дар ин давра 3500 муштарии вулусволиҳои Шуғнон, Султони Ишкошим ва Дарвози Афғонистон барои аҳолӣ ва муассисаҳои маориф ва тандурустӣ аз қувваи барқи Ширкати «Помир Энерҷӣ» бархўрдор буданд. Ҳаҷми фуруши барқ 2840 ҳазор кВт-cоат ва маблағи он 453 062 сомониро ташкил мекунад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 1,7 маротиба бештар аст.
Агар барои баъзе минтақаҳои кишвар дар сатҳи 65-70% иҷро гардидани Нақшаи чорабиниҳо то андозае қаноаткунанда бошад, пас барои минтақаи ВМКБ, нишондиҳандаҳои миёнаи азхудкунии маблағҳои ҷудогардида барои соҳаи маориф 66,4%, барои тандурустӣ 76,6% ва фарҳанг 60,5% то санаи 24 –уми сентябри соли ҷорӣ куллан қобили қабул нест, алалхусус барои он минтақаҳои дурдасти вилоят, ки хатари ғайриимкон гардидани таъминот дар фасли зимистон вуҷуд дорад. Масъулини шаҳру ноҳияҳо вазифадор мебошанд, ки Нақшаи тасдиқгардидаи таъминоти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварро бо истифода аз рўзҳои офтобӣ ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки тибқи маълумоти Агентии таъминоти амволи махсус, қисмҳои ҳарбии воқеъ дар қаламрави вилоят бо маводҳои лозимӣ асосан таъмин карда шудаанд, барои қисми ҳарбии вокеъ дар ноҳияи Мурғоб бошад, хаҷми лозимии ҳезум дар ноҳияи Ховалинг омода гардида, аллакай интиқоли он оғоз гардидааст.
Зерсохторҳои Вазорати нақлиёт дар вилоят вазифадор гардиданд, ки бо мақсади таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт дар мавзеи Лугади ноҳияи Ванҷ як адад булдозери Т-170-ро доимӣ дар ҳолати кории омодабош нигоҳ доранд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёт таъмин намудани 5 адад техникаи пуриқтидорро ҷиҳати фаъолияти мунтазами шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб- Хоруғ-Кулма дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, аз ҷумла мавзеи Куҳтезаки ноҳияи Шуғнон дида бароянд. Инчунин, таъмири купруки ҷамоати деҳоти Ровандро то охири сол ҳаллу фасл намоянд. Ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геология ва раиси шаҳри Хоруғ супориш дода шуд, ки масъалаи сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар мавзеи Темро омўхта, оиди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, баланд бардоштани сатҳи замин ва гузаронидани заҳкашу заҳбурҳо пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Дар соҳаи маорифи вилоят, айни замон маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят амалӣ шуда истодааст, лекин теъдоди хонандагон дар вилоят сол аз сол кам шуда истодаааст, ин аз норасогии маблағ дар муассисаҳои таълимии асосӣ ва ибтидоӣ дар деҳаҳои дурдасти вилоят вобаста мебошад. Имрӯз шумораи муассисаҳои таълимие, ки маблағашон намерасад, зиёда аз 51 ададро ташкил медиҳанд. Аз ин ру ба сохторҳои соҳавӣ супориш дода шуд, ки меъёри маблағгузории сарикасиро таҷдиди назар намоянд.
Ба иттифоқи “Тоҷикматлубот” супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъмини бозорҳои вилоят бо маводҳи хӯрокворӣ, меваю сабзавот бо нархи арзонтар, барои захира намудан барои тирамоҳу зимистон чораҳои зарурӣ андешад.
Дар интиҳои ҷаласа Раиси ВМКБ изҳор дошт, ки камбудиҳои ҷойдошта ҳатман аз тарафи шахсони масъули шаҳру ноҳияҳои вилоят то 10 октябри соли ҷорӣ пурра иҷро мегарданд
Маврид ба ёдоварист, ки силсилаҷаласаҳои зимистонгузаронӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим идома дошта, дар назар аст ҷаласаи навбатии корӣ оид ба омодагии зимистонгузаронӣ барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рўзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.