Ҷамъият-ҳимоятгари ҳуқуқҳои аққалиятҳои тоҷикон
Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо ҳайати тоҷикони бумии Покистон бо сарварии Соҳибзода Афзал Тоҷик дар шаҳри Исломобод вохӯрӣ намуд.
Соҳибзода Афзал Тоҷик изҳор намуд, ки дар Покистон ҷамъияти тоҷикон бо номи «Тоҷик қавми иттиҳад парти Пакистан» амал менамояд, ки он асосан ба ҳимояи ҳуқуқҳои аққалиятҳои тоҷикон, нигаҳ доштани ҳуввияти миллии тоҷикони Покистон, ташвиқи фарҳанг, забон ва мероси хаттии гузаштагони ниёгон ва инъикоси ҳаёти имрӯзаи тоҷикони Покистон машғул аст.
Бо ин мақсад дар тӯли 24 сол дар Покистон ҳафтаномае бо номи «Тоҷик» нашр мешавад, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти тоҷикони Покистон инъикос мегардад.
Тоҷикони Покистон ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-«Пайванд» баҳои баланд доданд.
Дар хотима масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои тоҷикони Покистон бо мақсади фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ, илмӣ ва забонӣ муҳокима гардиданд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






