Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин

Сентябрь 13, 2014 12:36

Душанбе, 13.09.2013 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.Маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани ҳамзамони сурудҳои миллии ду давлат ва 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.Ин маросими бошукӯҳ бо расми гузашти низомии ҷузътомҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфта, дар музокироти расмии ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.Бо қаноат изҳор гардид, ки ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни 2 кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст ва умед аст, ки тайи 5 соли оянда ин нишондиҳанда аз 3 миллиард доллари амрикоӣ афзун мешавад.Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин аз рушди бесобиқаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари ҳамсоя гувоҳӣ медиҳад:Эъломияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарокати стратегӣ;Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2015-2020;Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи экстрадитсия;Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба боздоди маҳкумшудагон;Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории иқтисодиву техникӣ (грант ба маблағи 300 млн.юани хитоӣ;Созишномаи қолабӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ба ҷониби Тоҷикистон додани қарзи имтиёзноки содиротӣ;Ёддошти тафоҳум оид ба пешбарии таъсиси «Навори иқтисодии роҳи абрешим» миёни Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба бунёди Маркази аграрии намоиши технологияҳои инноватсионии Чин дар Тоҷикистон;Созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин;Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари асосии Донишкадаи Конфутсий оид ба ҳамкорӣ дар бунёди маркази конфутсий;Созишнома оид ба усулҳои асосӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Транс-Таджик-Газ пайплайн компани Лимитед;Созишномаи қарзӣ миёни Тоҷиктрансгаз ва Ширкати Транс-Азия Пайплайн;Созишномаи қарзӣ миёни бонки давлати амонатгузории «Амонатбонк» ва бонки давлатии рушди Чин;Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ аз рӯи лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Чин» дар соҳаи саноати кӯҳӣ миёни «Ширкати байналмилалӣ оид ба захираҳои Тачен»-и ноҳияи мухтори Синзян Уйғур ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;Созишнома миёни Агроинвестбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки кишоварзии Чин оид ба ҳамкорӣ;Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «Хуаксин Семент ЛТД» оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатти 2 ва 3 корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Данғара;Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Синзян;Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла ба имзо расидани бастаи калони санадҳои нав, хусусан Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарокати стратегӣ ва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2015-2020-ро намунаи хуби ҳусни ҳамсоягии ду кишвари ҳамсоя ва сатҳи боварию эътимод маънӣ доданд.

Сентябрь 13, 2014 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд