Ҷашни Истиқлол дар Олмон

Сентябрь 8, 2014 10:02

Душанбе, 8.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 4 сентябри соли 2014 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҷлили ҷашни бистусеюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии бошукӯҳ, ки дар толори бинои «Дойче Банк»-и шаҳри Берлини Олмон баргузор гардид, меҳмонон, аз ҷумла намояндагони доираҳои сиёсиву иқтисодии кишвар, вакилони парлумони кишвар ва аъзоёни сенати Берлин, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати иқтисод, Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, дигар идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва Ҷамъияти тоҷикони Олмон, инчунин донишҷӯёну меҳмонон аз Тоҷикистон ширкат намуданд.  
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар назди меҳмонон дастовардҳои кишварро дар тӯли 23 соли соҳибихтиёрӣ муҳим ва назаррас арзёбӣ кард.  Дар ин росто дипломати тоҷик муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Олмонро, ки бар пояи эътимоди мутақобила,  баробарҳуқуқӣ ва риояи манфиатҳои ҳар ду ҷониб асос ёфтаанд, намунаи беҳтарини муносибатҳои дӯстона арзёбӣ намуд.
Баҳри хотирмон гардонидани чорабинӣ бо иштироки санъаткорони маъруф Фирӯз Баҳор, М. Бурҳонова ва Уте Шилинг барномаи консертӣ омода ва пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
 
 
 
 
 

Сентябрь 8, 2014 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад