Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Минск

Сентябрь 8, 2014 11:03

Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 5 сентябри соли 2014 дар шаҳри Минск Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули расмӣ баргузор намуд. Дар чорабинии ҷашнӣ намояндагони парламент, вазоратҳои Ҷумҳурии Беларус, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими ин кишвар, корхонаву муассисаҳо, доираҳои илмию эҷодӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат варзиданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, нишондодҳои иқтисодии солҳои охир маълумот дод.
Қ.Қоимдодов зикр намуд, ки ба туфайли сиёсати “дарҳои боз” Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол муносибатҳои байналмилалии худро тақкиму тавсеа мебахшад. Зимни ин сафир ба рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ иброз дошт, ки имсол барои тавсеаи робитаҳои ду кишвари дӯст соли “серҳосил” буд, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус, мулоқотҳои сарвазирон ва вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, баргузоршавии ҷаласаи 9 Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба такони нав бахшиданд.
Вазири кишоварзӣ ва хӯрокии Ҷумҳурии Беларус бо намояндагӣ аз Ҳукумати кишвараш Сафири Тоҷикистон ва халқи ҷумҳуриро ба ҷашни давлатӣ табрик намуд. Ӯ ба ҳамкориҳои Беларус ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, зикр намуд, ки робитаҳо миёни соҳаҳои гуногун, байни минтақаҳо ва корхонаҳои алоҳида тавсеа меёбанд. Вазир изҳори боварӣ намуд, ки татбиқи мувофиқаҳои дуҷонибаи зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2014 ҳосилшуда сатҳи муносибатҳои мутақобилаи ду кишварро ба сатҳи сифатан нав боло хоҳад бурд.
 

Сентябрь 8, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад