Чархаи дуюми НБО-и Сангтуда-2 ба истифода дода мешавад

Сентябрь 10, 2014 11:35

Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи январи соли 1992 роҳандозӣ гардидаанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон миёни кишварҳо аввалин шуда, сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд.
Заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба асоси пойдор барои рушду таҳкими алоқаҳо дар соҳаҳои гуногун мебошад. Миёни ду кишвар тақрибан 150 санади байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, алоқа, илм, фарҳанг ва гайраро дар бар мегирад.
Тақвияти риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Боздидҳои расмию кории сарони ду давлат пайваста ба таҳкими ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар такони тоза мебахшанд. 
Моҳи июли соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Эрон ташриф овард. Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи густариши ҳамкориҳо, ки зимни сафар ба имзо расид, саҳифаи тозаеро дар муносибатҳои Тоҷикистону Эрон боз намуд.
Моҳи майи соли 1997 ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар фарҷоми сафар, Баёния дар доираи тавсеаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо гардид, ки он усулҳои асосии муносибатҳои мутақобилаи байни ду кишварро муайян мекунад.
Моҳи августи соли 2013 дар Теҳрон нахустин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гардид. Дар мулоқот перомуни паҳлуҳои мухталифи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон табодули назар сурат гирифт.
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон пайваста рӯ ба инкишоф буда, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 292, 288 млн. долларро ташкил дод.
Дар кутоҳтарин фурсат бунёд намудан ва ба истифода додани НБО-и Сангтӯда-2 яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ буда, чархаи якуми иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2011 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 180 корхонаи эронӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ фаъолият мекунад.
Ҳамкории илмию фарҳангӣ низ аз самтҳои ҷолиби таваҷҷуҳи муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Эрон ба ҳисоб меравад.
Моҳи марти соли 2011 бори нахуст дар Душанбе ва Хуҷанд Рӯзҳои фарҳангии Эрон баргузор шуд.
Имруз боздиди расмии Президенти  Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ за Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар ҷараёни ин боздид имзои бастаи санадҳо дар мавриди рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун дар назар аст. Чархаи дуюми НБО-и Сангтӯда-2 низ расман ба истифода дода мешавад.
 
 

Сентябрь 10, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад