Дӯстии Чину Тоҷикистон шабеҳи уқоби баландпарвоз аст

Сентябрь 11, 2014 10:52

Раиси  Ҷумҳурии Мардумии  Чин
Си  Ҷинпин
 
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – Тоҷикистон,  ҳамсояи неки  Чин, ҳамчун «кишвари кӯҳҳои  сарбаланд»  маъруфу  машҳур  аст.
Кӯҳҳои  осмонбӯси  Помир  бо харсангҳои  бузургаш ҷойи  дӯстдоштаи  уқобонест, ки   мехоҳанд  баланд  парвоз  карда, қувваи  болҳои  худро  дар  осмон  имтиҳон  кунанд. Мутафаккири қадимаи  Чин Конфутсий  чунин  мегӯяд: «Шахси  сипосгузор  ба  қадри манзараи  кӯҳсор  мерасад». Халқи  тоҷик, ки тайи   асрҳои  зиёд  дар  домани  табиати  бузургу  ороми  кӯҳистон  зиндагӣ  дорад,  бо  арзишҳои  махсуси  дохилӣ  фарқ мекунад.
Камина бо даъвати Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон ба наздикӣ бо аввалин  ташрифи давлатӣ ба  кишвари зебои  шумо  сафар  карда,  дар  Нишасти Созмони  ҳамкории  Шанхай дар  шаҳри  Душанбе иштирок  менамоям. Дар  ин айёми  хушҳавои фасли тирамоҳ  меҳмон шудан  дар  кишвари  шумо, ҳамсояи  неку  бародари қарин,  басо  хуш  аст.
Дӯстии байни  Чину  Тоҷикистон  аз  давраҳои дорои таърихи беш  аз  дуҳазорсола  манша  мегирад. Дар  замони сулолаи  Сихан  элчии  Чин  Чжан Ҷян аз қаламравҳои  ғарбӣ  ду  маротиба  боздид  намуда, Роҳи  машҳури абрешимро  кушода, ба   равобити  дӯстонаи байни  халқҳои чину  тоҷик ибтидо  гузошт. Ҳамон  давраҳои  дурдастеро ба  хотир  меорам, ки  дар  Роҳи  абрешим  садои  зангӯлаҳои корвони   уштур  ва  шарфаи суми  аспҳо беист ба гӯш  расида,  посдорони  дӯстӣ ва   корвонҳои тоҷирон   бо  мавҷи  беохир рафтуомад  мекарданд. Равобиту табодули он  солҳои  дурдаст  ба вобастагии ҳамдигарии  фарҳангҳои  Шарқу  Ғарб  мусоидат  намуда,  ба  солномаи  тамаддуни  башарият  саҳифаи  зеботаринро  зам  карданд. Шоҳиди  равобити  чандинасраи  дӯстонаи  Чину  Тоҷикистон  уқобест, ки  дар  кӯҳҳои  осмонбӯси Помир  пар  мезанад.
Чин 22 сол  муқаддам,  баъди  эълон шудани   истиқлолияти  Тоҷикистон,  яке  аз  аввалинҳо  шуда, бо  ҷумҳурии нав  муносибатҳои  дипломатӣ  барқарор  намуд. Тайи  ин  солҳо   муносибатҳои  Чину  Тоҷикистон  дар   заминаи панҷ шарти  ҳамзистии  осоишта  хеле   рушду  густариш  ёфтанд. Масоили сарҳадот, ки   аз таърих  боқӣ  мондааст,  бо  василаи  машваратҳои  баробарҳуқуқ ҳал  шуданд; Шартнома  дар  бораи ҳамсоягии  нек,  дӯстӣ  ва  ҳамкорӣ ба  имзо  расида,  таҳкурсии мустаҳками  рушди минбаъдаи  муносибатҳои  дуҷониба  гузошта шуд. Бидуни  муболиға метавон гуфт, ки   муносибатҳои  имрӯзаи   Чину  Тоҷикистон  бо  афзоиши   муттасили боварии  мутақобилаи  сиёсӣ,  вусъати  доимии   дастгирии  якдигар  ва  рушди  ҳамкорӣ  дар  ҳамаи  соҳаҳо фарқ  мекунаду  акнун  мову  шумо  дар ҳақиқат ҳамсояҳои нек,  дӯстони қарин ва шарикони  боэътимод гардидаем.
Ҳангоми сафари муваффақонаи  давлатии Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  моҳи  майи  соли  2013 ба  Чин мо бо ҷаноби президент дар  Пекин эъломияи  муштаракро  имзо  намуда,  муносибатҳои  дуҷонибаро  ба  сатҳи  мушорикати  стратегӣ  баровардем. Тайи  соли  охир  рушди  ҳамаҷонибаю  босуръати   равобити дуҷониба  ба  назар  мерасад,  ҳамкорӣ  дар  бахшҳои мухталифтарин  хеле   рушду  густариш  меёбад. Масалан, фақат  дар  давоми  нимаи  аввали  соли  ҷорӣ  муомилоти  молӣ  байни  ҳар  ду  кишвар   нисбат  ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта 48  фоиз  афзуда, дар  баробари  ин   тамоюли афзоиш  вусъат  меёбад. Бархе  лоиҳаҳои  нави  калони  ҳамкорӣ  дар  амал  татбиқ  гардида ва дар  ин  росто бисёр  муваффақиятҳои  назаррас  мушоҳида  мешаванд. Аз  ҷумла,  пурра  кушода шудани қисми  аввали  роҳи  мошингарди Чину  Тоҷикистон,  мавриди  истифода  қарор  гирифтани   агрегати  якуми   навбати  аввали  маркази гармидиҳии  «Душанбе – 2», рӯи  кор  овардани  сохтмони маркази саноати  маъдани  кӯҳии  Чину  Тоҷикистон,  бунёди қисми  тоҷикистонии хатти D лулаи гази «Чин – Осиёи  Марказӣ» ва оғози  пешорӯи  бунёди навбати  дуюми  маркази  гармидиҳии «Душанбе – 2». Агар  суханварона  гӯем, муносибатҳои рушди  бисёрҷонибаи  Чину  Тоҷикистон   на фақат  имрӯз,  балки   барои  дурнамо  ҳам ба  шоҳроҳи  босуръати   мошингард баромадаанд.
Ҳанӯз  як  моҳ  пештар  200  нафар  мактабиёни  Тоҷикистон  аз   шаҳри  Душанбе  ва  беш  аз  30  шаҳри  дигари  кишвар  ба  истироҳатгоҳи  тобистонаи  Чин  омада буданд. Кӯдакони  кишвари  ҳамсоя  дар  Пекин, Тянсзин ва  Урумчи самимона  пазируфта  шуданд. Онҳо  ҳамроҳи   ҳамсолони   чиноияшон чорабиниҳои  гуногуни   дӯстонаро   роҳандозӣ  намуданд,  маҳорати  худро  нишон  доданд,  аз фарҳанги  мардуми  чину тоҷик  бархурдор  шуданд,  чун  дӯстони  қарин  хайрухуш   намуданд. Ҷавонон   ояндаи дӯстии Чину  Тоҷикистонанд, умеди  мо  ба   насли  ҷавон  баста  шудааст. Аминам, ки ҷавонони  мо сазовори  бовариамон  мегарданд.
Рушди  муваффақонаи муносибатҳои Чину  Тоҷикистон  имкон  медиҳад, ки  хулосаҳои  зерин  барорем:
Эҳтироми  якдигар   гарави   рушди  судманди муносибатҳои ҳарду  кишвар  аст. Эҳтироми  якдигар, ки  асоси  панҷ  усули ҳамзистии  осоишта  мебошад,  дар  муносибатҳои  хориҷии  Чин   қатъиян   риоя  гардида ва он дар Эъломияи муштарак  дар  бораи  принсипҳои  асосии муносибатҳои  мутақобилаи  байни  Чину  Тоҷикистон   инъикос  ёфтааст. Эҳтироми  якдигар   маънои эҳтироми  мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва  тамомияти арзӣ, эҳтироми мутақобилаи  роҳи мустақили   интихобкардаи   рушду  тараққиёт,  эҳтироми  мутақобилаи   манофеи  асосӣ ва   дастгирии  якдигарро  дорад. Сарфи  назар  аз  фарқият  доштани   сохти  иҷтимоӣ,  идеология,  анъаноти  миллӣ  ва  модели иқтисодии  Чину  Тоҷикистон, кишварҳои  мо  дар   муносибатҳои  якдигар  ҳамеша  шарти эҳтироми  ҳамдигарро   риоя  менамоянд, иродаи  худро  ҳаргиз таҳмил  намекунанд, ташвиши ҷониби  дигарро  ба  қадри  имкон  ба  назар  мегиранд ва  худро  ба  ҷойи ҷониби дигар  мегузоранд. Чину  Тоҷикистон  ба  таври  ҳаққонӣ  ибрати эҳтироми якдигар  ва   муносибатҳои баробарҳуқуқ мебошанд.
Фоидаи  мутақобила ва   бурди дуҷониба қувваи пешбарандаи   рушди доимии  ҳамкории  Чину  Тоҷикистон  маҳсуб меёбад. Чину  Тоҷикистон  сарфи  назар  аз  марҳилаҳои  мухталифи  рушди  ҳарду  кишвар усулҳои нафъу  беҳбудии  якдигарро ҳифз  мекунанд, аз  ҳисоби  зарари ҷониби дигар фоида  намеҷӯянд,  балки  баръакс,  бо  роҳи  рушди  муштарак  ва   шукуфоии  умумӣ  устуворона  пеш  мераванд. Ҳамкории Чину  Тоҷикистон, ки  вазифаи  фоидаи  мутақобила  ва  бурди   дуҷонибаро  дар  назди  худ   гузоштааст, хусусияти  дарозмуддату  устувор  пайдо  намуда  ва  бо  назардошти  ин ҳаҷми  он  муттасил зиёд ва сатҳи он,  бешубҳа,  баланд  мегардад.
Дӯстии  байни  халқҳои Чину  Тоҷикистон   омили   муносибатҳои  абадии   дӯстонаи  байни ҳарду  кишвар  аст. Таърихи   дӯстии  Чину  Тоҷикистон  беш  аз  2  ҳазор  солро  дарбар  мегирад. Хурсандиовар  аст, ки   бо  оғози давраи  нав ҳамфикрию  дӯстии  байни  халқҳоямон  мунтазам  рушду  густариш  меёбад.  Мо инро дар  ҳама  ҷо,  дар  ҳама  сатҳ  ва  дар  ҳама   бахшҳои  равобити  дуҷониба   мушоҳида  мекунем. Алалхусус барои он ки  пойдевори  мустаҳкаму   дӯстонаи  ҳарду  кишвар  дӯстии  байни  Чину  Тоҷикистонро аз  таъсири  ҳар гуна   омилҳои  беруна,  аз каҷравиҳои   лаҳзавӣ боъэтимод  ҳифз  мекунад. Қалби   халқҳои  мо саршори ҳамсоягии  нек,  дӯстони  қарин  ва шарикони  боътимод  гардидааст.
Имрӯз  дар  вазъияти  байналмилалию  минтақавӣ  тағйироти   амиқу   мураккаб   рух  медиҳад.  Симои  ҷаҳон  нисбат ба   давраи   барқароршавии  муносибатҳои  дипломатии байни Чину  Тоҷикистон,  ки  20  сол  муқаддам  сурат  гирифта буд,  хеле  тағйир  ёфт.   Сарфи  назар  аз  ин,  вазифаҳои  асосии   замони  мо   иборат  аз  сулҳу   тараққиёт   буданд ва  мебошанд, зеро  халқҳои  ҳамаи  мамлакатҳо  баҳри  сулҳ,  баҳри   рушду  ҳамкорӣ  саъй  мекунанд. Сиёсати  тағйирнаёбандаи хориҷии  Чин иборат  аз таҳкими   хастанопазири  ҳамсоягии  нек  ва  ҳамкории  мутақобилан  муфид  бо  кишварҳои  ҳамсоя  буда  ва  он ҳаргиз  тағйир  намеёбад. Мо  дар  сиёсати хориҷиамон  нисбат ба  кишварҳои  ҳамсарҳад роҳи дӯстӣ, мушорикат,  яъне  ҳамсоягии  нек,  сулҳу  ризоият ва беҳбудии  умумро  пеш  гирифта,  ғояи «некхоҳӣ,  поквиҷдонӣ,  фоидаи ҳамдигар ва таҳаммулпазирӣ» — ро дар  амал  татбиқ  намуда,  ҳамкории  мутақобилан  муфидро  бо  кишварҳои  ҳамсоя инкишоф  медиҳем, то  ин  ки  тараққиёти  Чин  нафақат  ба  халқи  худ,  балки  ба  халқҳои онҳо  ҳам бештар   фоида  орад. Чин  дар  оянда  ба   ҳамкорӣ  бо  кишварҳои  ҳамсарҳад  на  камтар,  балки  боз  ҳам  бештар   таваҷҷуҳ  зоҳир  менамояд.
Хешовандон ба  хешовандон  комрониро ва  ҳамсояҳо ба  ҳамсояҳо  некиро  таманно  мекунанд. Чин  ба  муносибатҳояш бо  Тоҷикистон  аҳамияти  бориз  медиҳад, Тоҷикистон  барои  кушодагӣ дар  самти  Ғарб  нафақат  ҳамсоя, балки  шарики  муҳими  Чин  ҳам  мебошад. Сидқан  умедворам, ки  сафари ҳозираам  ба таҳкими боварии  мутақобилаи  сиёсии  Чину  Тоҷикистон,  густариши  ҳамкории  мутақобилан  муфид  дар   бахшҳои   амният,  иқтисодиёт,  иҷтимоиёт ва дар  бахшҳои дигар,  вусъати  танзими  стратегӣ ва ҳамкорӣ  мусоидат  мекунад. Муносибатҳои  Чину  Тоҷикистон  ба қуллаҳои  боз  ҳам баландтар  бардошта  мешаванд.
Чин  моҳи  сентябри  соли гузашта  барои  ташаккули «минтақаи иқтисодии Роҳи  абрешим»  ибтикорот  нишон  дод, ки  онро  бисёр  кишварҳои  ҷаҳон,  аз  ҷумла  Тоҷикистон  ҳам  фаъолона  дастгирӣ  карда  ва ба он  баҳои  мусбат  доданд. Имрӯз  лоиҳаи «минтақаи   иқтисодии Роҳи  абрешим»  ба  марҳилаи   ҳамкории  амалӣ   мегузарад. Тоҷикистон  кишвари  муҳиме дар Роҳи  абрешим ба  шумор  меравад. Мо  ки  роҳи  рушду  густариши  навро  пеш  гирифта, дар  марҳилаи   ташаккули «минтақаи  иқтисодии «Роҳи  абрешим» қарор  дорем,  тайёрем, ки  бо  ҷониби  Тоҷикистон  барои  вусъат  бахшидани ҳамкории  кишварҳоямон  дар  сатҳи  сифатан  нав ба  нафъи  кишвару  халқҳоямон  якҷоя  саъю  кӯшиш  кунем.
   — Мо равобитро  дар  амри  тарҳрезии  сиёсат вусъат  мебахшем,  дараҷаи ҳамгироӣ  ва пайвасти   стратегияҳои  рушди  ҳар  ду  кишварро баланд  мебардорем, татбиқи  лоиҳаҳои калони  ҳамкориро  аз  нигоҳи  сиёсӣ  дастгирӣ  мекунем,  вазъи  мусоиди тиҷоратию  сармоягузориро  якҷоя  фароҳам  меорем.
  — Мо  монеаҳои  тиҷоратиро  якҷоя  мешиканем, мақоми  танзимотию  роҳбарикунандаи Комиссияи  оид ба  ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чину Тоҷикистонро  баҷо  меорем, тиҷоратро  ба  роҳи  рушди  фаъолу  муназзам  равона  месозем, ҳаҷми  тиҷоратро  афзун  менамоем,  сатҳи тиҷоратро  васеъ  мекунем,   сохтори тиҷоратро  беҳтар  месозем.
    — Мо роҳи алоқаҳои нақлиётиро  вусъат  мебахшем, сохтмони роҳҳои алоқа  ва  инфрасохтори  нақлиётиро, ки  ҳарду  кишвари  мо  ва кишварҳои  минтақаро  бо ҳам мепайванданд, якҷоя  метезонем, механизми доимии  ҳамкорӣ оид ба  идораи бунгоҳҳои назоратии байни  ҳукуматҳои  ҳарду  давлат  ва байни  ҳукуматҳои маҳаллиро пайваст  мекунанд, ба  миён  меорем, қобилияти  фаъолнокии  бунгоҳҳои  назоратии  сарҳади  кишварҳоямонро   баланд  мебардорем.
  — Мо муомилоти  пулиро  танзим  мекунем,  ҳамкории  мутақобилан  муфиди байни бонкҳои  миллӣ  ва бонкҳои тиҷоратии  кишварҳоямонро  фаъолона   рушд  медиҳем,  истифодаи   асъори  миллӣ  дар тиҷорат  ва  маблағгузориро  вусъат  мебахшем,  ҷиҳати  роҳандозии  амалиёти  бонкӣ барои  якдигар  шароити  қулай  фароҳам  меорем.
   -_Мо  равобити байни  мардумро  вусъат  мебахшем, ба  робитаҳои дӯстонаи байни  пажӯҳишгоҳҳои  таҳсилотӣ ва  тадқиқоти  илмӣ, ВАО, ҷамъиятҳои  халқии  дӯстӣ,  дастаҳои  ҳаваскорони  бадеӣ ва  созмонҳои  ҷавонони  ҳарду  кишвар   мусоидат мекунем,  ҳамфикрӣ ва дӯстии  халқҳоямонро таҳким  мебахшем,  то  дӯстии  Чину  Тоҷикистон  аз  насл ба  насл  гузарад.
Камина ғайр аз ташрифот  боз  вазифаи  дигари  муҳим – иштирок  дар  нишасти Созмони ҳамкории  Шанхайро  низ дорам. СҲШ арсаи    муҳиме  барои  ҳамкории  зичи  Чину  Тоҷикистон дар  сатҳи  ҷаҳону   минтақа маҳсуб  меёбад.   Кишварҳои  мо ва  давлатҳои  дигари  аъзо  ба «моҳияти  Шанхай»,  яъне ба боварию  фоидаи  мутақобила,  баробарии машварат,  эҳтироми   гуногунии  фарҳангу  тамаддун,  саъю  кӯшиш баҳри  рушди  муштарак  бемайлон пайравӣ  намуда, тавонистанд, ки муносибатҳои   дарозмуддати  ҳамсоягии  нек  ва  ҳамкорӣ барқарор намоянд,  бо  фаъолияти  амалии  худ  модели  нави муносибатҳои байналмилалӣ – мушорикат вале ҳамроҳнашавиро  ташаккул  диҳанд.
Тайи  13  соли  мавҷудияти  СҲШ  ва  ҳамкорӣ дар  бахши  амният  ҳамеша  заминаи  ҳамкории тиҷоратию  иқтисодӣ —  кафолат, табодули гуманитарӣ,  яъне  қувваи ҳаракатдиҳанда ба шумор  меравад. Мо ҷавобан  ба  таҳдиду  хатарҳо ба  амният чораҳои зарурӣ   дида, барои  рушди  муттасили ҳамкории иқтисодию  гуманитарӣ  бархе  тадбирҳои  амалиро  андешидем. Сохтори  минтақавии  зиддитеррористии  СҲШ  таъсис  ёфт,  муоҳадаи  Шанхай  дар  бораи  мубориза бо  терроризм,  ҷудоихоҳӣ  ва  ифротгароӣ имзо  гардид, беш  аз  10  машқи  муштараки  зиддитеррористӣ роҳандозӣ  гардид,  ки он қувваҳои  террористию ифротгарои  минтақаро сахт  тарсонид ва  огоҳ  кард. Ҳамкории CҲШ  дар   бахшҳои  нақлиёт,  энергетика,  инфрасохтор  ва   кишоварзӣ   натиҷаҳои   судманд  бахшида ва  он рушди   иқтисодии  давлатҳои  аъзои  Созмонро  ба таври  назаррас  пеш  бурд. Соли  2013  маҷмӯи умумии маҳсулоти  дохилии  кишварҳои  СҲШ  беш  аз 11  триллион   доллари  ИМА – ро ташкил дода,  ҳиссаи  он  дар  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилии  ҷаҳон аз 4,8 фоиз дар  соли  2001, ки  он вақт   Созмон  тасис ёфта буд,  то  соли  ҷорӣ ба 14,9  фоиз  расидааст. Мубодилаю  ҳамкорӣ дар  доираҳои  васеи  ҷамъиятии  кишварҳои  аъзои  СҲШ  босуръат  идома  ёфта,  дӯстии  анъанавии  халқҳои  СҲШ  мустаҳкам  мегардад.
Имрӯз  се  вазифаи  асосии  СҲШ — таъмини  амният,  мусоидат  ба рушд ва беҳдошти  беҳбудии  халқ  воқеияти   муҳиму ҳатмӣ  гардидааст. Ҳамаи давлатҳои  аъзо  чунин  фикри ягона  доранд, ки  бояд  сатҳи   боварӣ ба  ҳамдигар ва  самарабахшии  ҳамкорӣ  баланд  бардошта,  манофеи  умумиамон  мустаҳкамтар  гардонида шавад,   зеро қобилияти  Созмонро барои  ҷилавгирии  хавфу  хатар  ва мустаҳкам  намудани  таҳкурсии ҳамкории амалию  гуманитарӣ  фақат бо  ҳамин  васила  метавон  вусъат  бахшид.
Тоҷикистон, чун давлати   раёсаткунандаи Созмони  Ҳамкории  Шанхай,  ба таҳкими  муттаҳидию  боварии  мутақобила,  ба  рушди  ҳамкории  амалӣ  дар  ҳошияи  Созмон  саҳми  бузург  гузошт. Ҷониби  Чин  омодааст, ки  якҷоя бо  ҷониби  Тоҷикистон  ва   давлатҳои дигари  СҲШ  барои  муваффақона  доир  намудани Нишасти   шаҳри  Душанбе  якҷоя  саъю  кӯшиш  намояд,  то  СҲШ  ба  манзури амнияту  рушди  минтақа ба  нафъи  халқҳои  ҳамаи  кишварҳои Созмон  боз  ҳам  беҳтар  хидмат  кунад.
Барои  дурро дидан баландтар  бояд баромад. Чунин аст фаҳмишу орзуи  ман  ба  дурнамои  муносибатҳои Чину  Тоҷикистон  ва рушди  CҲШ. Мо барои  расидан  ба мақсадҳои  наҷибамон  якҷоя бо  шарикони тоҷикамон ба таври хастанопазир саъю  кӯшиш  менамоем.
 
 
Тарҷумон – Шарифзода М.

 

Сентябрь 11, 2014 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд