Дар Душанбе терминали замонавиро ифтитоҳ менамоянд

Сентябрь 2, 2014 11:02

         Душанбе, 2.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо, 3 сентябр аз таъсиси ҳавонавардии ватанӣ-Рӯзи авиатсияи тоҷик  90 сол сипарӣ гардида, дар ин рӯз дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар маросими ботантана терминали нав ба истифода дода мешавад.
          Назар ба иттилои Муҳаммадюсуф Шодиев-котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» терминали нав дар масоҳати 11 000 метри мураббаъ доман густурда, дар як соат ба 500 нафар мусофир хизмат мерасонад.
        Терминали замонавии ФБД ҷавобгӯи талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO-International Civil Aviation Organization) буда,  аз ҷониби ширкати фаронсавии «VINCI» бо харҷи беш аз 40 миллион евро сохта шудааст, ки беш аз 20 миллион евроро ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намудааст. Дар бунёди терминали нав, ки сохтмонаш аз моҳи апрели соли 2013 оғоз гардид,  дар қатори мутахассисони фаронсавӣ, ҳамзамон мутахассисону сохтмончиёни маҳаллӣ саҳми арзанда гузоштаанд.      
         Терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дорои таҷҳизот ва техникаи муосири марбут ба фурудгоҳӣ, аз қабили эскалаторҳо ва телетрапҳои телескопии сохти испанӣ буда, дар як маврид ба 4 ҳавопаймо хизмат мерасонад. Телетрапҳо имкон медиҳанд, ки раванди фаромадан ва саворшавӣ ба ҳавопаймо тезонида шавад, мусофирон дар самтҳои алоҳида ҳаракат намуда, вобаста ба доштани нишебии хос бидуни истифода аз зина ё лифт вориди ҳавопаймо шаванд ё берун оянд. Баробари ба истифода додани терминали нав дар фурудгоҳи Душанбе раванди ба қайдгирии мусофирон ва гузаштан аз ҳуҷраҳои гузаргоҳи сарҳадӣ, минтақаи гумрукӣ ва  амнияти авиатсионӣ, инчунин гирифтани бағоҷ  осон гардида, имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. 
    Ба истифода додани терминали нави замонавӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе» дар Рӯзи иди касбии кормандони бахши ҳавонавардии кишвар аз рушди автиатсияи ватанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Сентябрь 2, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик