Дастовардҳои ҳокимияти судӣ дар давраи Истиқлолият

Сентябрь 8, 2014 10:36

Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 23 сол мешавад, ки мардуми шарафманди кишвар санаи 9-уми сентябрро дар сарзамини аҷдодиамон бо тантана ҷашн гирифта, шукри истиқлоли давлати хеш мекунанд, зеро маҳз бо шарофати Истиқлолият дар харитаи сиёсии ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил арзи вуҷуд карда, ба як зумра пешравиҳо ноил гардид. 
Роҷеъ ба дастовардҳои ҳокимияти судӣ дар давраи Истиқлолият  раиси Шӯрои адлияи ҶТ Азиззода Зафар Нусрат андешаҳояшро чунин баён менамояд:
«Муҳимияти асосие, ки соҳибихтиёрӣ ба ҷомеаи мо насиб гардонид, ин аз ҷониби аҳолии мамлакат аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани аввалин Конститутсияи Тоҷикистони мустақил мебошад, ки бо ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз сохти давлатдорӣ ва самтҳои давлатсозӣ муайян шуда, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона  эълон гардид.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат бобати таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ, бо ба истифода додани неругоҳҳои нави барқӣ, роҳҳову нақбҳо ва иншооти нави саноатӣ таъмини аҳолии кишвар дар  тамоми фаслҳои сол бо қувваи барқ беҳтар гардида, шаҳрвандон ба манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ озодона рафтуомад намуда, истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ба маротиб зиёд шуда, шароити зиндагӣ хубу беҳтар гардидааст.
Яке аз дастовардҳои муҳиме, ки аҳолии мамлакат дар натиҷаи истиқлолияти давлатӣ комёб шудааст, ин дар сатҳи Қонуни асосӣ арзиши олӣ арзёбӣ ёфтани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он мебошад. Дар ин замина, фаъолияти давлату Ҳукумат, сохторҳои марбутаи ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми қишрҳои ҷомеа ба он равона гардидаанд, ки ҳар як шаҳрванд аз ин кафолатҳои конститутсионӣ бархурдор бошад.
Дар ин раванд, бо мақсади амалӣ гаштани муқарраротҳои конститутсионии марбут ба ин арзишҳои олӣ, ҳифзи онҳо бо  Сарқонун ба зиммаи ҳокимияти судӣ вогузор гардида, мақомоти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ дониста шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар ҷомеа, бобати иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ дар мамлакат ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ оғоз ёфта, роҷеъ ба ин аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои мушаххас тасдиқ гардиданд.
Татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ имконият фароҳам овард, ки дар мақомоти судӣ дигаргуниҳои куллӣ дар самти қонунгузории соҳа, сохтори судҳо, омода намудани кадрҳои ҷавон ба вазифаи судягӣ, тавассути баамалбарории фаъолияти коромўз-судя, бо назардошти зиёд гардидани сарбории судяҳо ҷудо гардидани воҳидҳои иловагӣ ва дигарҳо анҷом дода шуданд, ки дар маҷмўъ ин омилҳо барои риоя гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва бархурдор будан аз кафолати ҳифзи судӣ мусоидат менамоянд.
Судяҳои ҷумҳурӣ низ аз ин дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат хулосаи зарурӣ бароварда, фаъолияти худро бобати амалӣ кардани адолати судӣ бо масъулияти баланди касбӣ ба роҳ монда, дар давоми панҷ соли қаблӣ дар маҷмўъ баррасии зиёда аз 598 ҳазор парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, иқтисодӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ, маводро аз рўи пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазо таъмин намуда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои қонунии шаҳрвандон, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат мусоидат карданд.
 
 

Сентябрь 8, 2014 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад