Дурнамои ҳамгироии СҲШ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ

Сентябрь 8, 2014 10:07

 
Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай на танҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудааст. Дар доираи Созмон Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.
Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои соҳибкорон ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ назаррас буда, пайваста дар он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки дар давоми солҳои истиқлолият сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба равнақи муносибатҳои иқтисодӣ, барқарорсозии инфрасохтор, ҷалби сармоягузориҳо, таъмини шароит барои савдои озод,  дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳалли мушкилоти марбут бо роҳҳои транзитӣ ҷиҳати дастгирӣ ва густариши савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. 
Дар шароити ҷаҳонишавии бозор ва алоқамандии мутақобилаи иқтисоди тамоми кишварҳои ҷаҳон, рушди ташкилот ва иттиҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ягон кишвар наметавонад бетараф монад. Дар чунин шароит Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) ба равандҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намуданд. 
Яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат рушди муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи аъзои созмони мазкур дар доираи созмон ва берун аз он робита дорад. 
Тавре ки маълум аст, масоҳати умумии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай зиёда аз 30 миллион километри квадратиро ташкил медиҳад ва он дорои 1,5 миллиард аҳолӣ ва захираҳои азими табиӣ (дар қишри он қариб тамоми ҷадвали Менделеев ба таври фаровон нуҳуфта) мебошад. Ин бозори бузург, захираҳои азими молиявӣ, ашёи хом ва инсон маҳсуб меёбад. 
Дар солҳои охир дар шароити таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ, бозори заифи байналмилалӣ, сустшавии назарраси суръати савдои берунаи кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин, ба туфайли рушди СҲШ гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои аъзои созмон афзоиши устуворро нишон медиҳад. Ҳамин тавр, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун қувваи пешбарандаи афзоиши савдои хориҷии кишварҳои мухталиф, инчунин самти нав ҷавобан ба мушкилоти буҳрони молиявии байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. 
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 10 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони кишварҳои аъзои ин Созмон баргузор мегардад. Ташкилкунандаи ин чорабинӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муътакид бар он аст, ки гузаронидани ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳавасмандкунии ҳамкории инвеститсионӣ, вусъатдиҳии таъминоти иттилоотии робитаҳои иқтисодӣ, мубодилаи таҷриба, таъмини ҳамлу нақли озоди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, инкишофи савдои наздимарзӣ ва сайёҳӣ дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай мусоидат хоҳад намуд. 
Ба иттилои ташкилкунандагони ин ҳамоиш дар доираи он мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои: — «Ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва амнияти энергетикии кишварҳои СҲШ»; «Рушди комплекси агросаноатӣ ва амнияти озуқавории кишварҳои СҲШ»; «Нақши муассисаҳои молиявӣ дар фазои СҲШ»; «Бартараф намудани монеаҳои савдо дар фазои СҲШ бо воситаи инкишофи долонҳои нақлиётӣ»; «Рушди сайёҳӣ дар миқёси СҲШ» баргузор мегарданд. Инчунин дар доираи форум рӯйнамоиҳо оид ба мавзӯҳои — «Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамгироии минтақавӣ»; «Рушди саноати маъдани кӯҳӣ бо иштироки кишварҳои СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Имконият ва бартариятҳои рақобатии агробизнес дар Тоҷикистон дар миқёси минтақавӣ»; «Механизмҳои дурнамои таъминоти молиявии фаъолияти лоиҳавӣ дар фазои СҲШ» ва «Имкониятҳои нав барои рушди робитаҳои тиҷоратии кишварҳои СҲШ. Интернет-инфрасохтори фазои ягонаи иттилоотию тиҷоратӣ» пешкаш мегарданд. 
Дар айни замон, кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аллакай ҳамёрони муҳими инвеститсионии якдигар шудаанд. Агар сухан дар бораи усулҳои сармоягузорӣ равад, сармоягузории мустақим, инчунин қарзҳои миёнамуҳлат, ҳуқуқҳои саҳмдорон ва кумаки беруна мавҷуд аст. Ба истиснои корхонаҳои азим, ширкатҳои хурду миёна дар ҳамкории инвеститсионӣ беш аз пеш иштирок мекунанд. Ҳамоиши мазкур ба ин тамоюли вусъати ҳамкории инвеститсионӣ дар ҳудуди СҲШ такони тоза дода, барои фазои соҳибкории Тоҷикистон, ҳам аз ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои нав ва ҳам аз лиҳози ҳамгироӣ ба фазои тиҷоратию иқтисодӣ дар миқёси СҲШ, ки беш аз 2/3 ҳиссаи қитъаи АвруОсиёро ишғол мекунад, имкониятҳои нав фароҳам меоварад. 
Ғайр аз ин, дар асоси натиҷаҳои ҳамоиш ба Шӯрои сарварони кишварҳои аъзои СҲШ муроҷиат бо тавсияҳои амалӣ оид ба ҷонноккунии ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои мушаххас омода мегардад.
 

Сентябрь 8, 2014 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад