Ифтитоҳи терминали нав
Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмононро ба муносибати ифтитоҳи терминали нави фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе табрик намуд. Хотиррасон мекунем, ки терминал дар остонаи ҷашни Рўзи истиқлолияти давлатӣ ва ҷаласаи СҲШ ифтитоҳ гардид.
Бояд гуфт, ки авиатсияи граждании Тоҷикистон дар давоми навад соли гузашта роҳи пуршараферо тай намудааст. Солҳои соҳибистиқлолӣ барои ин соҳа давраи рушди бесобиқа мебошад, зеро дар ин давра шароити фурудгоҳҳои кишвар куллан дигаргун шуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти навтарин амалӣ гардида, парки тайёраҳо аз ҳисоби харидорӣ ва лизинги ҳавопаймоҳои муосир пурра ва таъминоти моддиву иҷтимоии кормандони соҳа ба маротиб беҳтар гардид.
Танҳо дар панҷ соли охир фақат тавассути «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қариб 40 ҳазор парвоз анҷом дода, наздик ба 6 миллион нафар мусофир кашонида шудааст.
«Дарвоқеъ, фурудгоҳро дарвозаи кишвар ва муаррификунандаи фарҳангу маданияти мардуми он меноманд, ки дар хотираи меҳмонону сайёҳон нақши муассир мегузорад, зеро бахусус меҳмонон таассуроти аввалини худро нисбат ба давлату миллат маҳз аз ҳамин мавзеъ, яъне фурудгоҳ ҳосил мекунанд»,-афзуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе».








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






