Иштироки Президент дар рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ дар ДДОТ
Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави панҷошёнаи онро ифтитоҳ намуд ва дар тантанаҳои рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ ширкат варзида, бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо шароити таълимии дар бинои нав муҳайёгардида, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он аз панҷ ошёна ва таҳхонаи босамар истифодашаванда иборат буда, бо харҷи қариб 14 миллион сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шудааст. Бинои нави донишгоҳи мазкур барои факултаҳои Технология, Роману олмонӣ ва Англисӣ пешбинӣ шудааст. Тавре иттилоъ доданд, пештар дар ин донишгоҳ танҳо як факултаи забонҳои хориҷӣ мавҷуд буд. Ҳоло бошад барои ин ҳадаф ду факулта таъсис дода шуда, дар факултаи Англисӣ ҳамзамон шуъбаҳои англисию чинӣ ва англисию кореягӣ низ кушодаанд. Чунонки аён гардид, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои чор сӯйи олам робитаҳои судбахши ҳамкорӣ ба роҳ мондааст ва насли навраси кишвар аз имконот пурсамар истифода бурда, ба омӯзиши забонҳои халқҳои гуногуни ҷаҳон камар бастаанд.
Дар факултаи Технология барои омӯзиши ҳунарҳои зебои мардумӣ ва ташкили дурусти дарсҳои он шароити бисёр хуб, аз ҷумла барои омодасозии рассомону тарроҳони либос ва мутахассисони гулдӯзию зардӯзӣ, муҳайё гардидааст.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии соҳаҳои илму маорифи кишвар ва нақшаҳои ояндаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар ин самти фаъолият таҳлилу баррасӣ карда, таълиму тарбияи дуруст ва ҳадафноки насли наврасро аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат номид ва талаб намуд, ки барои шарафманд шудан ба ин ҳадафи воло аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва муҳайёшаванда самарбахш истифода баранд.
Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ бо маҳфили пурсишу посух ва баррасии таклифу пешниҳодҳои ба миён гузошташуда идома ёфт.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






