Иштироки шатранҷбози тоҷик дар Ҷоми ЭКО

Сентябрь 13, 2014 08:59

Душанбе, 13.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дар нахустин Ҷоми шатранҷи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ /ЭКО/, ки дар Теҳрон баргузор шуд, мақоми чорумро сазовор гардид. Дар Ҷоми мазкур аз 10 кишвари узви ЭКО якнафарӣ ширкат доштанд ва дар зарфи 9 рӯз бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. М. Ҳусейнхоҷаев бо Эҳсони Қоиммақомӣ аз Эрон бозиро мусовӣ намуда, як бохт ва 4 бурд дошт. Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси фарҳангии Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО мегӯяд, ки Ҷоми мазкур бо ибтикори Муассисаи фарҳангии ЭКО ва Федератсияи шатранҷи Эрон бори аввал баргузор гардид.

Сентябрь 13, 2014 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд