Муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Брюссел
Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел 2 сентябр якҷоя бо роҳбарияти ширкати сайёҳии Шоҳигарии Белгия «Desti Travel» дар идораи марказии он муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистонро гузаронд. Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони як силсила ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Шоҳигарии Белгия ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев роҷеъ ба имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ, фарҳанг, санъат ва таърихи тоҷикон маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ӯ иштирокчиёнро ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори туристии кишвар даъват намуд. Пас аз суханронӣ филм оид ба имконоти туристии Тоҷикистон, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, китобҳо, брошюраҳо ва дигар мавод бахшида ба соҳаи туризми ҷумҳурӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои дидании мамлакат ба манзури ҳозирон пешкаш гардид.
Дар идораи марказии ширкати “Desti Travel” гӯшаи махсус таҳти унвони «Туризм, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон» созмон дода шуд, ки дар он маводи мухталиф бахшида ба имконоти сайёҳӣ, фарҳанг, санъат ва таърихи ҷумҳурӣ оварда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






