Мулоқоти Ф.Салим бо Мэттю Ҳабиновский
Душанбе, 12.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 11 сентябри соли ҷорӣ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мэттю Ҳабиновский, мудири Шуъба оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ироқи Намояндаи савдои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот муносибатҳои тиҷоратии минтақавӣ, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созишномаи сиғавӣ миёни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ТИФА), лағви иловаи Ҷексон Венник, вазъи иқтисодии минтақа пас аз хуруҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон матраҳ гардиданд.
Сафири Тоҷикистон ҷонибдории кишварро дар хусуси шомилгардии Афғонистон ба Шӯрои ТИФА иброз намуда, изҳори умедворӣ барои ҳамкориҳои фаъол миёни кишварҳои аъзо баён кард.
М.Ҳабиновский дар навбати худ зикр намуд, ки тарафдори афзунгардонии иштироки бахши хусусии ИМА дар лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад. Номбурда инчунин доир ба мизбонии ҷаласаи навбатии Шӯрои ТИФА, ки баҳори соли оянда ба нақша гирифта шудааст, маълумот дод.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






