Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи идҳо

Сентябрь 30, 2014 10:44

Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар арафаи Иди забони тоҷикӣ, Рӯзи омӯзгорон ва Иди Қурбон  дар хиёбони «Ситораҳои Хуҷанд»  намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ниёзи аввалро дар рӯзҳои истироҳат баргузор  намуд.
Раиси шаҳри  Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода ба мавзеи баргузории намоишгоҳ омада,  аз маҳсулоти пешниҳод шуда ва нарху сифати хизматрасонии фурӯшандагон  ошно гардид.
Аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд ба фурӯшандагон тавсия дода шуд, ки минбаъд  низ дар рӯзҳои муқарраргардида маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас ва нисбатан арзон  манзури сокинони маркази вилоят намоянд. 
Деҳқонону кишоварзони шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ғончӣ, Шаҳристон, Б. Ғафуров ва Агентии  захираҳои  моддии давлатии назди Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон аз субҳи барвақт маводи хӯрокӣ ва  дигар маҳсулоти мевагию полезии худро  бо нархҳои то 30 фоиз арзон нисбат  ба  бозорҳои шаҳр  ба шаҳрвандон манзур намуданд.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар маҷмӯъ дар ярмарка-фурӯш  6 тонна орд, 2 тонна гӯшт, 600 кг биринҷ, 10,5 тонна картошка, 10 тонна пиёз, 1,5 тонна сабзӣ, 1,5 тонна маҳсулоти лӯбиёгӣ, 500 кг ангур ва 2 тонна маҳсулотҳои дигари хӯрокӣ пешкаш гардид.

Сентябрь 30, 2014 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!