Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015

Сентябрь 17, 2014 09:40

Душанбе, 17.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани истихроҷи ангишт  ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015,  барои таъмини Маркази барқу-гармидиҳӣ бо ангишт  дар вохўриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, ба роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳибкорони ватанӣ дастурҳои мушаххас медиҳад. 
Бино ба иттилои котиботи Вазорати мазкур, то имрўз корхонаҳои соҳаи ангишт истихроҷи ангиштро  ба зиёда аз 520 ҳазор тонна расониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 212 ҳазор тонна зиёд  мебошад. 
Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми ангишти то имрўз истихроҷшуда аз ҳаҷми ангишти дар ҷамъбасти соли 2013-ум истихроҷгардида, ки 517,8 ҳазор тоннаро ташкил дода буд,   зиёд мебошад. 
Гуфта мешавад, ки дар истихроҷи ангишт саҳми корхонаҳои давлатӣ назаррас буда,  82 дарсади ангишти истихроҷгардидаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, истихроҷи ангишт 520 ҳазор тонна мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 — 212 ҳазор тонна зиёд аст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонад, ки дар айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурўш зиёда аз 75 ҳазор тонна ангишти хушсифат мавҷуд мебошад. Инчунин истихроҷи шабонарўзии ангишт  ба 3500-6500 тонна расонида шудааст, ки муштариён, аз ҷумла аҳолӣ ва муассисаҳои буҷавӣ метавонанд  аз ин нуқтаҳо ва анборҳо харидории  ангиштро васеъ ба роҳ монанд.
 
 

Сентябрь 17, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд