Рушди кишвар аз сиёсати адолатпарваронаи роҳбари оқил
Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бисту се сол аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи мо, манзилу маъвои мо, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад. Доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият бо сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Усмоналӣ Латифӣ ҳамсуҳбат гардидем ва мавсуф зимни суҳбат андешаҳояшро чунин иброз намуд:
-Мо дар арафаи яке аз ҷашнҳои пуршукўҳ ва муқаддаси миллату давлат — Рўзи Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Ноил гардидан ба истиқлолият аз дастовардҳои беназир ва муқаддастарини халқи тоҷик ба шумор меравад. Истиқлолият ормони бисёрасраи фарзандони баору номус ва натиҷаи талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.
Ҳамаи мову шумо хуб дар ёд дорем, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, вақте ки ба истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз як сол ҳам нашуда буд, ба чӣ гуна озмоиши сахту сангин ва даҳшатноки тақдир рӯбарӯ шудем. Ҷумҳурӣ ба ҷанги хонумонсўзи ҳамватанӣ кашида шуд. Соли 1992 дар сарнавишти миллати тоҷик ҳамчун соли нокомию навмедӣ ва нобарору пурфоҷиа нақши худро ба ёдгор гузошт.
Хушбахтона, қувваҳои солими ватандўсте, ки мақсаду маромашон аз ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, ҳифз ва ҳамчун падидаи муқаддас нигоҳ доштани соҳибистиқлолияти Ватан иборат буд, ба арсаи таърихи навини миллат қадам гузоштанд. Маҳз бо ибтикору ташаббуси бевоситаи ҳамин қувваҳои ватанпарвар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XYI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба сарварии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди сазовори миллат Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Сиёсати адолатпарваронаи роҳбари оқил ба фароҳам овардани шароити оштии миллӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон мусоидат намуд.
Дар яке аз баромадҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намуд, ки: «Мову шумо вазифадорем арзу тўли пешгирифтаамонро ба хубӣ донем, мушкилиҳои мавҷударо муқоисаву таҳлил намоем, усулҳои бартараф намудани ин мушкилотро ҷустуҷў кунем ва мавриди муҳокима қарор диҳем ».
Музди меҳнат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, сарчашмаи асосии некуаҳволии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷумҳурӣ ҳаҷми музди миёнаи меҳнат нисбат ба соли 1995 (с. 1995 — 0.92 сомонӣ, ба 1 июли соли 2014 — 838.58 сомонӣ) 911 баробар афзоиш ёфтааст.
Танҳо дар 7 соли сипаригардида ҷиҳати такмил додану устувор сохтани заминаи қонунгузории соҳаи муҳофизати меҳнат ва рушди шарикии иҷтимоӣ 34 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 3 лоиҳаи қонунҳо, 17 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 Дастурамали аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва 4 Нақшаи чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявиро таҳия ва ба тасвиб расонидааст.
Дар айни замон санадҳои қабулгардида барои фароҳам сохтани шароити мусоиди кори кормандон, таъмини осудагиву оромии мардуми кишвар ва амалӣ гардидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар самти муҳофизати меҳнат ва рушди шарикии иҷтимоӣ нақши устувор мебозанд.
Таҳлили нишондодҳои оморӣ, нишон медиҳад, ки аз соли 2007 сар карда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли болоравии устувори рушди иҷтимоию — иқтисодии иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ таъмин гаштааст. Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2013 — 40524 млн. сомониро ташкил дода нисбат ба соли 2007, ки 12804 млн. сомонӣ буд, 3,2 маротиба афзудааст. Устуворшавии соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ тақвият ёфт:
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ (кор, хизматрасонӣ) дар соли 2013- 9936 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2007 — 20 фоиз афзуд, маҷмўи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ — 16756 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2007 — 55 фоиз зиёд шуд. Дар давоми ҳафт соли охир андозаи музди меҳнати ҳадди ақал ва маошҳои вазифавии амалкунандаи (меъёрҳои тарифӣ) кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ сол то сол зиёд мешаванд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1- сентябри январи соли 2013 маоши амалкунандаи вазифавии (меъёрҳои тарифии) кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ бо ҳисоби миёна 30 фоизи зиёд карда шуд. Дар ҳафт соли охир музди меҳнати ҳадди ақал ба ҳисоби миёна ҳар сол 71 фоизи зиёд шуда, дар як моҳ 250 — сомониро ташкил намуд.
Дар маҷмўъ, дар давоми ҳафт соли охир музди меҳнати ҳадди ақал 12,5 баробар ва музди меҳнати ҳисоби номиналии кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ 4,3 баробар зиёд шудааст.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ҷангзада Ҳукумати қонунӣ тадбирҳои мушаххас андешад. Дар солҳои истиқлолият ба ҳалли тадриҷии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони барҷомонда ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эътироф гардид. Давлат дар ин замина тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, то ки ин гурӯҳи осепазири аҳолӣ худро бе пушту паноҳ ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос накунад. Дар нимаи аввали солҳои 90-ум, ҳангоме, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту як қисми алоҳидаи аҳолӣ наметавонист ҳатто маводи ниёзи аввалиндараҷаи худро дастрас намояд ва камбизоатӣ хусусияти таҳдидкунандаро гирифта буд, дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ барномаи кумак ва дастгирии ашхоси ниёзманд вобаста ба шароити моддӣ, синну сол, вазъи саломатӣ, ҳамчунин ба оилаҳои бепарастор додани чорво, тухмӣ, таҷҳизоти кишоварзӣ, мошинҳои дўзандагӣ, ба роҳ монда шуданд. Ҳамчунин баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ стратегияҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ қабул ва дар амал татбиқ мегарданд.