НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз аз куҳантарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои суннатии мардуми мост, ки аз қаъри асрҳо, аз рӯзгори Ҷамшед ва дигар подшоҳони ориёии аҳди қадим ибтидо мегирад. Баъди он ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон ва дастгирии сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз 23 феврали соли 2010 иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард, ҷашни фархундаи Наврӯз ба мақоми байналмилалӣ соҳиб гардид ва дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
-Воқеан, бо қадами муборак ва файзрези Наврӯз табиат ҳамасола ҷомаи сабз дар бар мекунад, гулу гиёҳон сар аз ҷайби хок берун мекашанд, дарахтон гул мекушоянд, мурғон нағмасароӣ мекунанд, рӯзҳои сард сипарӣ шуда, рӯзҳои гарми офтобӣ фаро мерасанд. Деҳқон ба замин нахустин донаи умеди фаровонҳосилӣ мекорад, дилҳо аз ишқу муҳаббат лабрез мегарданд, зиндагӣ ҳусну тароват ва маънию мазмуни тоза пайдо мекунад ва ба иборати мухтасар, «олами пир дигарбора ҷавон» мегардад. Ҳамин аст, ки бузургони миллати мо дар ҳама давру замон ба ин ҷашни фархундаи миллӣ ҳусни таваҷҷуҳ доштаанд ва дар ситоиши он ҳам дар назм ва ҳам дар наср асарҳои мондагор офаридаанд.
Яке аз бузургони камназири забону адаб ва таъриху фарҳанги миллии мо, ки дар асарҳои худ бо камоли муҳаббат дар робита ба таърих ва бузургдошти ин ҷашн ба тафсил сухан рондааст, Абурайҳони Берунӣ (973-1048) мебошад.
Дар матни осори Берунӣ дар робита ба ҳама ҷашнҳои қадими мардуми мо иттилооти муҳим ва муфид мавҷуд аст. Вале ду ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврӯз ва Меҳргон дар таълифоти Берунӣ ҷойгоҳи хос ва мақоми вижа доранд.
Абурайҳони Берунӣ дар фасли «Дар моҳу сол ва таърихҳову рӯзҳои умматон»-и «Китоб ут-тафҳим», ки ин шоҳкори безаволро ба забони модарии мо таълиф кардааст, дар бобати чигунагии ҷашни Наврӯз чунин мегӯяд: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ, в-аз ин ҷиҳат pӯзи нав ном карданд, зеро-к пешонии соли нав аст. Ва он-ч аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашнҳост. Ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯзи Бузург доранд, зеро-к хусравон бад-он панҷ pӯз ҳақҳои ҳашам ва гурӯҳону бузургон бигзордандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯзи нахустин он аст, ки аввалpӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан». Чунонки ба мушоҳида мерасад, дар ин матлаби кӯтоҳ нуктаи ниҳоят муҳим дарҷ шудааст: калимаи «наврӯз» шакли ворунаи ибораи «рӯзи нав» буда, ба қавли Берунӣ, «пешонии соли нав», яъне аввалин рӯзи соли нави аҷдодист. Ба баёни дигар, Наврӯз калимаи сирф тоҷикист, ки аз ду калимаи маъмули тоҷикии «рӯз» ва «нав» таркиб ёфтааст.
Абурайҳони Берунӣ дар асари дигари маъруфаш «Осор-ул-боқия» ё «Ёдгори мондагор» дар робита ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз аз китобҳои қадим ва қавли ҳамзамононаш маводи ҷолиберо гирд оварда, ба қазовати хонанда вогузор кардааст. Масалан, дар фасли нуҳуми ҳамин китоб дар бораи идҳову рӯзҳои маъруфи тоҷикону форсиён ва нахустин рӯзи фарвардинмоҳ – Наврӯз ҳикоят мекунад.
Вале бояд ин нуктаро таъкид кард, ки бар хилофи равише, ки ба мушоҳидаву таҷриба асос ёфтаву ба шахсияти илмии Берунӣ хос буд, бархе аз маводи дар бобати Наврӯз дар «Ёдгори мондагор» фароҳамкардаи ӯ ҷанбаи устуравию ривоятӣ доранд. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ бо истинод ба қавли Абдуссамад ибни Алӣ дар ривояте, ки вай ба бобои худ Абдуллоҳ ибни Аббос мерасонад, аз пайғамбари ислом дар бузургдошти Наврӯз нақли зерро ёдовар шудааст: Дар рӯзи Наврӯз ҷоми нуқрае пур аз ҳалво барои пайғамбари ислом ҳадя оварданд. Он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: идона аз Наврӯз аст… Сипас аз он ҳалво андаке хӯрд ва боқимондаро байни саҳобагон қисмат карду гуфт: «Лайта лано кулла йавмин Навруз» (Кош ҳар рӯзе барои мо Наврӯз бошад). Зимнан, метавон гуфт, ки дуои маъруфи наврӯзии мардуми мо – «ҳар рӯзатон Наврӯз бод» ба ҳамин сухани пайғамбари ислом «Лайта лано кулла йавмин Навруз» (Кош ҳар рӯзе барои мо Наврӯз бошад) беиртибот нест.
Дар маҷмуъ, эҳтирому эътироф ва арҷгузории Берунӣ ба Наврӯз ва дигар ойинҳои миллӣ ба асолати миллию ориёӣ ва садоқату муҳаббати фаровони ӯ ба сарзамини аҷдодӣ ва таърихи пуршукуҳи он пайванди ногусастанӣ дорад. Ба назар чунин мерасад, ки садои ифтихори ин донишманди бузурги тоҷик ва дуои наврӯзии ӯ аз умқи асрҳои пешин моро ба азизу гиромӣ доштани ин муқаддасоту дороиҳои ҳувиятсоз дар рӯзгори имрӯзаи давлатдории миллӣ даъват мекунад ва ҳамвора ба худшиносию худогоҳии миллӣ фаро мехонад.
Ҳасани СУЛТОН,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






