Самараи хуби бозомӯзӣ дар даврони соҳибистиклолӣ
Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Масъалаи шуғли аҳолӣ ва беҳтар кардани сифати бозори дохилии меҳнат яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ҳаминро ба инобат гирифта, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои фаъолияташ тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар масъалаи фароҳам овардани пояҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ саҳмгузорӣ намудааст. Чунончи, бо назардошти вазъи воқеии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мамлакат дар давоми солҳои 1992-2002 ҷиҳати даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни онвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шуғли аҳолӣ» се маротиба (солҳои 1993, 1996, 1998) иқдом гирифтааст.
Дар солҳои охир вазорат ба корҳои маълумотдиҳию иттилоотӣ барои ашхосе, ки кор меҷўянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, чанд номгўй дастурҳои методиро таҳия ва нашр намудааст Аз ҷумла, дастурҳои методию иттилоотиии «Бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ», «Дар бораи бартариҳои гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ», «Мавқеи занон дар бозори меҳнат», «Муҳоҷирати меҳнатии расмӣ ва вазъияти додани ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ», «Вазъияти ҷавонон дар бозори меҳнат», «Дастурамали корӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти шуғли аҳолӣ», «Маҷмўаи истилоҳоти соҳаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ» аз қабили чунин корҳои манфиатбахш мебошанд.
Дар доираи ҳамкории байни собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба иҷрои Барномаи «Тоҷикистон рушди шабака», ки аз моҳи марти соли 2004 маблағгузорӣ шудааст, дар шабакаи ҷаҳонии «Интернет» саҳифаи махсуси иттилоотии вазорат бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ифтитоҳ карда шуд, ки дар ин саҳифа оид ба «Ҳолати бозори меҳнат ва шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сохтори гузаронидани маблағҳои пулӣ дар Тоҷикистон», «Дар бораи ҳолати иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Бозомўзии аҳолии калонсол» маълумоти диққатҷалбкунанда ҷой дода шудаанд.
Бояд гуфт, ки соли 2014 дар сохтори вазорат дар заминаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират — Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба фаъолият шурўъ намуд. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
Муроҷиати шаҳрвандони корҷўй ба сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси худихтиёрии томи шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, ҳеҷ гуна ҷазодиҳии маъмурию давлатӣ барои бекорӣ дар назар гирифта нашудааст.
Вазорат дар давраи солҳои 1992-2000 корҳои зиёди таблиғотии ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сафарбаркунии муташаккилонаи онҳо ва дигар бекоронро барои иҷрои корҳои мавсимӣ ба анҷом расонид. Дар ин солҳо вазорат ба воситаи ҷузъи сохториаш — Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба зиёда аз 659515 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки мақоми гуреза, муҳоҷирони иҷборӣ ва бекорро гирифта буданд, хизмат расонида, 520056 нафар сокинони кишварро ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифт.
Якҷоя бо агентӣ ба масъалаи пайдо ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии бекормондаи ҷумҳурӣ, инчунин корхонаи воҳидии «Тоҷикхориҷакор»- и вазорат низ шуғл меварзад.
Корхонаи воҳидии давлатии «Тоҷикхориҷакор» дорои се намояндагӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва шаҳри Истаравшан мебошад, ки онҳо низ ба шаҳрвандон барои дарёфти кор дар хориҷи кишвар мусоидат менамоянд.
Аз тарафи мақомоти шуғли аҳолӣ дар доираи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ теъдоди муайяни бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок, бозомўзӣ ва такмили ихтисос ҷалб шудаанд, ки ҷадвали зер маълумоти мушаххасро дар ин бора фаро гирифтааст.
Ҳамчунон вазорат дар масъалаи тибқи дархости корфармоён ба ҷойҳои кории холӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ҳам саҳм гирифтааст. Масалан, танҳо дар соли 2013 аз тарафи сохторҳои таркибии вазорат 685 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо 8720 ташкилоту корхона ширкат намуда, 145416 ҷойи кориро пешниҳод намудаанд. Дар ҷараёни ин ярмаркаҳо 7929 нафар бекор роҳхат гирифта, 6507 нафараш бо кор таъмин шуд. Ҳамин тариқ, дар давоми солҳои 2005-2013-ум беш аз 3777 ярмаркаи ҷойи кор баргузор гардид ва тавассути ин ярмаркаҳо беш аз 53152 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд.
Дар баробари ин, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар солҳои Истиқлолият садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро ба омўзиши касбӣ ва бозомўзӣ фаро гирифт.
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират бо ҳидояти роҳбарияти собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ дар солҳои 1992-2010 дар барқарору пойдор сохтани робитаҳои самарабахши корӣ бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик низ фаъолият намудааст. Ба таври мисол, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва мубодилаи таҷриба дар давоми солҳои 2000-2014 садҳо нафар мутахассисону роҳбарони сохторҳои агентӣ ба Амрико, Ҷопон, Туркия, Италия, Австрия, Олмон, Англия, Латвия, Украина, Беларус ва дигар мамлакатҳо сафарҳои хидматӣ анҷом доданд.