Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар арсаҳои сиёсӣ

Октябрь 20, 2014 10:39

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар остонаи ҷашни 20- солагии таъсиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ рӯзномаи «Слово  Киргизстана»- нашрияи умумимилии ҷумҳурии ҳамсоя мусоҳибаи ихтисосиро бо Қодиршои Мурувват — муовини раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ва сардабири нашрияи тоҷикии « Паёми Ала-Тоо» мунташир намуд. Дар ин мусоҳиба масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Қ. Мурувват бо ишора ба дидору гуфтугӯи раисони ҷумҳури ду кишвари ҳамсоя дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе, натоиҷи онро барои таҳкими баъдии  робитаҳои дӯстонаи мардумони тоҷику қирғиз муҳим хонд. Ба гуфтаи ӯ, мавҷуд будани иродаи сиёсӣ дар сатҳи олии ду кишвари ҳамсоя умеди  мардумро ба дурнамои ҳамгароии Тоҷикистону Қирғизистон дар бахшҳои обу энергетика ва коммуникатсия ва дар як вақт фарҳану маориф тақвият медиҳад.
Ба гуфтаи Қ. Мурувват дар қаламрави Қирғизистон дар ҳоли ҳозир 55 ҳазор нафар тоҷик зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин дар нӯҳ мактаби ин кишвар ба забони тоҷикӣ таълим дода мешавад ва сетои он комилан тоҷикӣ мебошад. Тайи 5 соли ахир дар партави ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 250 хатмкунандаи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ба донишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд пазируфта шуд, ки ин бешак дар болоравии худшиносии онҳо кумак хоҳад кард.
Дар мусоҳиба инчунин омадааст, ки ҳукумат ва мардуми тоҷик ба қирғизҳои сокини Тоҷикистон баҳри пешрафти забону фарҳанги онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.  
Мусоҳиб зикр намуд, ки пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон барои намояндагони миллати қирғиз дар парлумони кишвар ду ҷой пешбинӣ шудааст, ки ин баёнгари арҷгузорӣ ба ақаллиятҳои миллии 
ин сарзамини бостонӣ мебошад.
Муовини раиси созмони тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ дар ин нашрияи бонуфузи Бишкек, тоҷикони муқими Қиризистон ва қирғизҳои сокини Тоҷикистонро сафирони сулҳу субот хонд. Вай дар ин росто аз баргузории ҳамоиши илмиву амалӣ ба ифтихори бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ёдовар шуд, ки 15 майи соли 2014 дар вилояти Бодканди Қирғизистон бо ташаббуси созмони тоҷикони ин кишвар  доир гардид.
Интизор меравад, ки 29 октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҳои вилояти Бодканд бо иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳунарии яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои фарҳангӣ доир шаванд. Дар ин рӯз конфронси ҳисоботӣ- интихоботии Иттиҳоди ҷамъияти тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ баргузор шуда, дар он барои 5 соли оянда раис ва аъзои раёсати созмонро интихоб менамоянд.
 
 

Октябрь 20, 2014 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд