Ҳамоиши сарони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Минск

Октябрь 9, 2014 17:18

Душанбе, 9.10.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҷаласаҳои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пагоҳ, 10 октябр дар шаҳри Мински Беларус доир мешаванд. 
Барои иштирок дар ин ҷаласаҳо имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Минск рафт.
Дар назар аст, ки дар ҳамоишҳои ИДМ масоили рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самтҳои иқтисодӣ, башардӯстӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ шаванд. Дар робита ба ин дар назар аст, ки як силсила созишномаҳо ва қарорҳои дахлдор ба имзо расанд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ташкилоти байналмилалӣ буда, аз тарафи сарони Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд.
Шартнома дар бораи таъсис додани Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё 10 октябри соли 2000 дар шаҳри Остона ба имзо расид ва баъди ба тасвиб расидан он аз ҷониби панҷ давлати аъзо 30 маи соли 2001 эътибор пайдо кард.
Соли 2002 Иттиҳод соҳиби парчам ва тамғаи худ гардид.
Мақомоти олии Иттиҳод Шӯрои байнидавлатӣ мебошад, ки ба он президентҳо ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои созмондиҳандаи Иттиҳод дохил мешаванд. Раисии Шӯрои байнидавлатӣ бо навбат, ба тартиби алифбои русӣ ба муддати як сол сурат мегирад.
Масъалаҳои нисбатан муҳими ҳамгироии ҳамкориҳои муштарак барои баррасӣ ба Шӯрои байнидавлатӣ пешниҳод мегарданд.
Дигар сохтори ташкилии ИИ АвруОсиё Кумитаи ҳамгироӣ мебошад, ки ба он муовинони сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзо ва намояндагони ваколатдор дохил мешаванд. Ҷаласаҳои Кумитаи ҳамгироӣ аз тариқи мунтазам баргузор мешаванд.
Таъмини фаъолияти ташкилӣ ва иттилоотӣ-техникии Шӯрои байнидавлатӣ ва Кумитаи ҳамгироӣ бар дӯши Котиботи Кумитаи ҳамгироӣ, ки таҳти роҳбарии Котиби генералӣ қарор дорад ва дар асоси пешниҳоди Кумитаи ҳамгироӣ аз тарафи Шӯрои байнидавлатӣ ба муҳлати се сол таъйин мегардад, вогузошта шудааст. Котиби Генералӣ шахси олимансаби маъмурии Иттиҳод ба ҳисоб меравад.
Котиботи Кумитаи ҳамгироӣ, ки аз Роҳбарияти Котибот (Котиботи Генералӣ ва муовини он) ва 9 департамент иборат мебошад, аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои аъзо дар асоси квота бо назардошти саҳми маблағии ҳар як кишвар дар буҷаи Иттиҳод ва ҳамчунин шахсони дар асоси шартнома қабулшуда ташкил меёбад. Дар доираи Иттиҳод Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва Суди Иттиҳод амал мекунад.
Ба ғайр аз мақомоти мазкур дар ҳайати ИИ АвруОсиё боз шӯроҳо, комиссияҳои гуногун ва дигар сохторҳое вуҷуд доранд, ки барои ҳамоҳанг кардани фаъолияти идораҳои гуногуни кишварҳои аъзои Иттиҳод сафарбар шудаанд, зеро масъалаҳои мушаххас дар ин ё он соҳаи ҳамгироии ҳамкориҳои муштарак маҳз дар сатҳи роҳбарияти онҳо ҳал мешаванд. Яке аз вазифаҳои асосӣ ба вуҷуд овардани инфрасохтори нақлиётӣ ва бозори умумии энергетикӣ мебошад. ИИ АвруОсиё инчунин мақоми махсусе дорад, ки ба он барои ҳамкорӣ намудан бо дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ имконият медиҳад.
Манфиатҳои кишварҳои аъзои Иттиҳодро дар шароити ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ҳимоя намуда, АвруОсиё барои баромадани кишварҳои аъзо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва суръатбахшӣ ба ҷараёни ҳамгироии онҳо бо низоми иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
ИИ Авруосиё инчунин вазифадор аст барои наздикшавии бештар ва ба як шакл даровардани қонунгузории миллӣ, гузаронидани чорабиниҳое, ки барои зиёд кардани иқтидори иқтисодии кишварҳои аъзо ва бозсозии сохтории мувофиқашудаи иқтисоди онҳо равона шудаанд, кумак расонад.
Дар тӯли фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 215 созишномаи байналмилалӣ қабул ва иҷро шуда истодааст, 23 шӯро ва комиссия созмон дода шудааст ва 33 Ёддошт оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташиклотҳои молиявию иқтисодӣ ба имзо расидааст. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мақоми нозирро дар Ассамблеяи Генералии СММ соҳибдор мебошад.
 
 
 
 
 

Октябрь 9, 2014 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад