Ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» оғоз меёбад

Октябрь 16, 2014 10:31

 

Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 16-уми октябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин хотир имрӯз дар толори калони Кохи Ҷомӣ синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» бо ширкати синамогарони Осиёи марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин рӯз бузургдошти 110- солагии Комил Ёрматов таҷлил гардида, инчунин дар ин рӯз филмҳои тоҷикии «Муаллим»-и Носир Саидов, филми анниматсионии «Буд набуд», филмҳои арманӣ, озарӣ дар толори калони Кинотеатри Зебуннисо ба намоиш гузошта мешаванд. Дар толори хурд филмҳои анниматсионӣ, филмҳои ҳуҷҷатии истеҳсоли Афғонистон, филмҳои арманию озарӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Рӯзи 17-ум бошад, дар толори калони Кинотеатри Зебуннисо кинои афғон, эрон, кинои тоҷик- «Одам аз кишвари офтобӣ»-и Аловуддин Абдуллоев. «Як рӯзи Душанбе», «Иноят» ба намоиш гузошта мешавад. Дар ин рӯз ҳамчунин филмҳои Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон дар толори хӯрд пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.
Рӯзи 18-уми октябр дар синамобазми байналмиллалии «Дидор» филмҳои истеҳсоли Афғонистон- «Саодат ба мазор меравад», «Танҳоӣ» ва дигарон ба намоиш гузошта мешаванд. Инчунин дар ин рӯз филмҳои Русия , Тоҷикистон, Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешаванд.
19-уми октябр низ Кинотеатри Зебуннисо, аз ҷумла дар толори калон филмҳои истеҳсоли синамогарони Гурҷистон, Қазоқистон, дар толори хурд- филмҳои синамогарони Эрон, Гурҷистон, Қазоқистон пешкаши ҳаводорони олами синамо мегарданд.
20-уми октябр маросими пӯшидашавии синамобазм дар Кохи Ҷомӣ доир гардида, филми «Муаллим»-и Носир Саид, ба намоиш гузошта шуда, ҳамчунин дар ин рӯз мизи гирд доир гардида, дар он масъалаҳои кино дар мамлакатҳои Осиё баррасӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, панҷумин симпозиуми байналмилалии «Дидор» дар соли 2012 бо муаррифии Қомус ё энсиклопедияи синамои тоҷик оғоз гардид. «Қомуси синамои тоҷик»-ро, ки аввалин маҷмӯаи илмӣ ва таърихӣ дар соҳаи синамо аст, Саъдулло Раҳимов ва Галина Элбаум дар давоми чор сол таълиф карданд. Он аз 500 саҳифа иборат буда, бо пуштибонии молии Бунёд (Фонд)-и Сорос чоп шудааст.
Хотирнишон мекунем, ки ҷашнвораи «Дидор» соли 2004-ум  таъсис ёфта, имсол даври шашуми он баргузор мешавад.
 

 

Октябрь 16, 2014 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе