Афзалиятҳои Сарқонуни даврони соҳибистиқлолӣ

Октябрь 23, 2014 09:57

        Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд»,- омадааст дар моддаи 5 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Оид ба афзалиятҳои Сарқонуни даврони соҳибистиқлолӣ  Фирдавс Ашӯров, котиби маҷлиси судии Суди  ноҳияи Ҳисор чунин изҳори андеша намуд:       
      -Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолиятро ба даст овард. Пас аз ба даст овардани истиқлолият бояд санади тозае таҳия ва  қабул мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад,  ки ин бо номи   Сарқонун муаррифӣ мешавад ва санади асосӣ шинохта шуда аст.  
         Дар боби якум, моддаи якуми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ  эътироф гардида, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин маънои онро дорад, ки он тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолиро новобаста аз ҷинсу нажод зери ғамхорӣ фаро мегирад.
           Маҳз бо қабули Сарқонуни Тоҷикистони соҳибистиқлол, Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, ба ин Сарқонун навовариҳо дар тамоми  самтҳои давлатдорӣ  ворид шуданд.
          Аз ҷумла,  дар Сарқонуни ҶШСТ дарҷ гардидааст, ки ҳамаи ҳокимият дар ҶШСТ ба халқ тааллуқ дорад. Халқ ҳокимияти давлатии худро ба тариқи Шӯрои вакилони халқӣ амалӣ мегардонад, ки асоси сиёсати ҶШСТ-ро ташкил медод. Дар асоси моддаи   9 — и  Сарқонуни Тоҷикистони соҳибистиқлол  ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Яъне, агар дар Тоҷикистони шӯравӣ идораи ҳокимият аз тарафи халқ ба тариқи Шӯрои вакилони халқӣ ба роҳ монда шуда буд, имрӯз дар даврони истиқлол ҳокимият ба се шохаи мустақил таҷзия гардид, ки ҳар яки он дар алоҳидагӣ дар самтҳои худ фаъолият дорад.
     Сарқонуни Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки бори аввал дар таърихи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ-забони давлатӣ эълон гардид. Дар моддаи дуюми Сарқонуни ҶТ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ин шаҳодати он аст, ки пас аз чандин солҳо  забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро гирифт ва имрӯз тамоми хуҷатнигориву санадҳои меъёриву  ҳуқуқӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Сарқонуни ҶШСТ забони давлатӣ-забони тоҷикӣ набуда, ҳамчун забони муошират ба ҳисоб мерафт ва забони давлатӣ-забони русӣ ҳисоб мешуд.  Хушбахтона, ин самараи неки соҳибистиқлолии давлати азизамон Тоҷикистон мебошад, ки   забони давлатӣ-забони тоҷикӣ эътироф гардида, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
      Дар моддаи 5  Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф   шудааст.
  Афзалияти дигари Сарқонуни ҶТ аз боби алоҳида  вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бармеояд.  Хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Сарқонун, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд ва  дар  Сарқонуни ҶШСТ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кафолат дода нашуда буд.
          Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳалӣ  ва мақомоти худидоракунии маҳалиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин  мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд  танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
          Дар вақти таҳияи  Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модар ва тарбияи фарзандон диққати махсус дода шудааст.  Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Хар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Илова бар ин масъулияти падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу  қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар ба низоми муайяни ҳуқуқӣ дароварда шуд. Дар боби сеюми Сарқонун мақому салоҳияти Маҷлиси Олӣ оварда шудааст, ки аз ду маҷлис -Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. То ба даст овардани истиқлолият дар замони ҶШСТ, Шӯрои олии ҶШСТ тамоми масъалаҳои доир ба ҶШСТ, Сарқонуни ИҶШС ва Сарқонуни ҶШСТ-ро амалӣ мекард ва баъди ба даст овардани истиқлолият дар Сарқонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон боби  алоҳида ба Маҷлиси Олӣ бахшида шудааст, ки тамоми вазифаҳо ва салоҳияти он дарҷ гардидааст.
        Афзалияти дигари Сарқонуни  ҶТ дар он аст, ки дар боби ҳаштуми Сарқонун ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилот ва муассисаҳо, қонунияту адолатро  ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди  ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд. Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ  муайян мекунад. Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол муайян шудааст.  
Дар даврони истиқлолият дар соҳаи  ҳокимияти судӣ Суди конститутсионӣ, Суди олии иктисодӣ, Суди иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, Суди иқтисодии ВМКБ ва Суди ҳарбӣ таъсис дода шуд, илова бар ин Шӯрои адлияи ҶТ ташкил шуда, судяҳо бо пешниҳоди Шӯрои адлияи ҶТ аз тарафи Президент таъйин мешаванд, ки ин дар самти ҳокимияти судӣ як дастоварди тоза ва беназир мебошад. 
«Ман чунин андеша дорам, ки низоми одилона ва устувор дар меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешавад ва чунин низомро  Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун санади асосӣ  танзим менамояд»,-иброз намуд Фирдавс Ашӯров.
 
 

Октябрь 23, 2014 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид