Афзоиши музди миёнаи меҳнат

Октябрь 24, 2014 15:33

           Душанбе, 24.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар зарфи 9 моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 31,6 миллиард сомонӣ ва  қисми даромади буҷаи кишвар 102,5 %-ро ташкил дод. Ин матлабро 24 октябр дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ Абдусалом Қурбонов -вазири молияи ҷумҳурӣ иброз дошт. 
          Дар муҳокимаи парлумонӣ, ки он аз ҷониби Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии Парлумони мамлакат гузаронида шуд, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар зарфи 9 моҳи соли равон баррасӣ гардид.
           Зикр шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 4 миллиард сомонӣ афзуда, музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ дар давраи  моҳҳои январ- августи соли равон  815 сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 -ум 11 % зиёд аст. 
      Дар муҳокимаи парлумонӣ, ки самтҳои асосии иҷрои буҷаи кишвар дар зарфи 9 моҳи соли равон ва таъмини шаффофияти он дар вазорату идораҳои кишвар  матраҳ гардид, ҳамзамон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов, муовини аввали раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солиев ва мувоини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нуриддин Маҳмадов доир доир ба раванди иҷрои буҷети ҳурӣ ва истифодаи мақсадноки он дар назди вакилони Парлумон гузориш доданд. 14.53. 
 
 
 

Октябрь 24, 2014 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад