Эмомалӣ Раҳмон: «Муъминон бародари якдигаранд»

Октябрь 27, 2014 11:02

Душанбе, 27.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Барои таъмини рушди босубот амнияти минтақа муҳим аст». Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории нахустин ҳамоиши сармоягузорӣ дар доираи Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар Душанбе оғоз гардид, баён кард. Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид кард, ки қабл аз ҳама вазъ дар кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон — Афғонистон барои ҳамаи мо муҳим аст. Дар ин самт мо мисли ҳамеша дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ саъю талош хоҳем кард, афзуд Президенти Тоҷикистон.Зикр гардид, ки дар шароити феълӣ бахши бузурги рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ҳамчун роҳи самараноки таъмини амнияту субот метавонад аз тариқи бунёди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, ба монанди роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли неруи барқ ва лӯлаҳои газ таъмин гардад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки мо омодаем, ки ҳамкориҳоро бо Афғонистони бародар густариш дода, имконоти худро ҷиҳати амалӣ гардонидани тарҳҳое, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ин кишвари дӯст нигаронида шудаанд, сафарбар намоем. Дар ин кор зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯстону хайрхоҳони Афғонистон, аз ҷумла кишварҳои аъзои созмон низ бояд саҳми фаъол дошта бошанд.«Мо умедворем, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ба як қаламрави дӯстии қавӣ ва ҳамкории пурсамар мубаддал хоҳад шуд», таъкид кард Президенти Тоҷикистон. Сарвари давлати Тоҷикистон гуфт, ки итминон дорам дар ин самт кишварҳои аъзои созмон, сармоягузорон ва соҳибкорон бо пайравии воқеӣ аз дастури Қуръони шариф «муъминон бародари якдигаранд» ҳамкории мутақобилан судманд хоҳанд кард.

Октябрь 27, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе