Изҳороти Форуми «Душанбе-2014: «Соҳибкорӣ -муҳаррики иқтисодиёт»
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон 15 — уми октябри соли 2014 Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти шиори «Соҳибкорӣ -муҳаррики иқтисодиёт» баргузор гардид. Дар кори форум намояндагони доираҳои соҳибкориву сармоягузории 35 давлати дунё иштирок намуданд, ки ин бешубҳа нишони боварӣ нисбат ба фазои мусоиди сармоягузории мамлакат ва ҳавасмандӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти он мебошад.
Иштироккунандагони Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 нақши роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди амалисозии як қатор ислоҳот оид ба боз ҳам беҳтар гардонидани фазои мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ дар кишвар махсус таъкид намуда, ҳамчунин зикр менамоянд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад имконияту шароити зарурии техникӣ ва молиявиро фароҳам овардааст.
Ҳадафи асосии баргузор намудани Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва шарикӣ байни соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар чунин соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ба монанди энергетика, саноат, инфрасохтор, фаъолияти бонкӣ, молия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, муосиргардонии техникию технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва рақобатпазири ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалӣ ва рушди иқтидори содиротии кишвар буда, кори он дар доираи бахшҳои алоҳида самтҳои зеринро дар бар гирифт:
— Тоҷикистон — стратегияи рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат
— Рушди низоми устувори молиявӣ
— Сармоягузориҳо ва бахши энергетика
— Рушди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ тавассути соҳибкорӣ
— Сармоягузориҳо ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ
— Имкониятҳо ва бартариятҳои рақобатии соҳаи агробизнес
Бо назардошти масъалаҳои Дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 баррасишуда, фикру мулоҳизаҳои иброзгардида ва хулосаҳои ҷамъбастӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар самтҳо ва соҳаҳои афзалиятнок тавсияҳои зерин пешниҳод шуданд:
1. Бо мақсади фаъолгардонии ҳамкории минтақавӣ барои бунёд намудани инфрасохтори робитаҳои минтақавии байниҳамдигарӣ, бартараф кардани монеаҳои рушди тиҷорати байналмилалӣ дар фаъолияти соҳибкории хурд ва миёна, аз ҷумла мушкилоти танзими гумрукӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва принсипҳои СУС корҳо идома дода мешавад.
2. Раванди такмил ва татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ, маблағгузории инфрасохтор ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ва тарғиби имиҷ барои вусъат ёфтани сармоягузориҳо дар соҳаҳои мазкур пайгирӣ мешаванд.
3. Ҷиҳати мукаммал намудани заминаи қонунгузории бонкӣ, танзим ва назорат, муосиргардонии инфрасохтори бонкдорӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ ва имкониятҳои истифодаи лизинги молиявӣ, вусъат бахшидани рақобат дар байни бонкҳо, корҳо идома дода мешавад.
4. Дар самти баланд бардоштани саҳми бахши суғурта ҷиҳати вусъат бахшидани сармоягузорӣ, рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимоди сармоягузориҳои дарозмуддат рушди фаъолияти соҳибкорӣ корҳои мушаххас анҷом дода мешавад.
5. Таҳким бахшидани корҳо дар самти соддагардонии расмиёт барои сармоягузорон бо мақсади мусоидат ба ҷалби васеи сармоягузориҳо ба бахшҳои саноати миллӣ дар назар дошта мешавад.
6. Таҳким бахшидани роҳандозии сиёсати рушди шабакаҳои логистикии тиҷорати минтақавӣ ва шабакаи нақлиёт мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани хизматрасониҳои бисёрҷанбаи логистикӣ ҳамчун воситаи татбиқи иқтидори транзитии Тоҷикистон, инфрасохтори наздисарҳадӣ ва шабакаи нақлиёти роҳи оҳан, амалисозии чорабиниҳо ҷиҳати табдил додани долонҳои нақлиётӣ ба долонҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани истифодаи имкониятҳо барои таъминкунандагони хизматрасониҳои логистикӣ ва баромад ба бандари Қарочӣ ва бандари Аббос қайд карда мешавад.
7. Бо мақсади устувор намудани раванди гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар бахши идоракунӣ, шаффофият ва либерализатсияи бозор бо назардошти таҳким бахшидан ба озодӣ корҳо тақвият дода мешавад;
8. Барои фароҳам овардани шароит ва таҳким бахшидани сохтори рақобат ҷиҳати доштани имкониятҳо ва дастрасии баробар ба маблағгузорӣ корҳо амалӣ карда мешавад.
9. Татбиқи афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон дар бахши энергетика ва таъмини амнияти энергетикии иқтисодиёти миллӣ дар қатори масъалаҳои муҳими стратегияи миллии рушди кишвар арзёбӣ гардида, дар ин радиф таваҷҷуҳи махсус ба ҷалб ва истифодаи мақсадноки сармоягузориҳо барои таъмини мунтазами ҷумҳурӣ бо нерўи барқ ва рушди гидроэнергетика марбут дониста мешавад, инчунин бо назардошти имконияти васеи содироти нерўи барқ ва бо ин мақсад таъмини рушди инфрасохтори энергетикӣ ва робитаҳои байниҳамдигарии наздисарҳадӣ васеъ намудани иқтидори энергетикии рушди устувор воридшавӣ ба бозорҳои минтақавии энергетикӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад.
10. Дар шароити муосир бо назардошти тамоюлҳои инноватсионии рушди саноат зарурати тақвият бахшидан ба навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва гузариш аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалию саноатӣ, имкониятҳои рушди туризм, туризми дар ҷамъиятҳои маҳаллӣ асосёфта ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъкид карда мешавад.
11. Зикр карда мешавад, ки рушди устувори комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои хусусии ватанӣ, муайян намудани имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар бахши коркард, мусоидати техникӣ ва маркетинги маҳсулоти агробизнес, таҳия ва татбиқи самараноки барномаҳои мусоидат ба рушди тиҷорат мустақиман вобаста буда, ба ҳалли масъалаи амнияти иқтисодӣ ва озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.
12. Масъалаи беҳтар намудани хизматрасониҳо дар фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва мусоид намудани шароити ҳузури мусофирон, аз ҷумла сармоягузорон пайгирӣ мешавад.