Кӯлоб яке аз пойтахтҳои фарҳангии ИДМ шуд

Октябрь 10, 2014 16:26

Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 9 октябри соли 2014 дар шаҳри Минск баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов иштирок кард.
Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба доираи васеи ҳамкориҳои мутақобила дар арсаи сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, оид ба масъалаҳои марбут ба таъмини амният дар минтақа, таҳкими бехатарии сарҳадоти берунии давлатҳои аъзои ИДМ, муқовимат бар зидди хариду фурӯши одамон, 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Шӯро ҷараёни амалисозии Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ»-ро муҳокима намуд. Вобаста ба ин, масъалаи дар соли 2015 эълон кардани шаҳрҳои Кӯлоб ва Воронеж ба ҳайси пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъқул дониста, он ба баррасии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод пешниҳод гардид.
Дар ҷаласа ба як зумра муассисаҳои ИДМ мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзо дода шуд. Аз ҷумла, қарор дар бораи ба муассисаи Давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» додани мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти мусиқӣ ва театр қабул гардид.
Шӯро инчунин «Барномаи чорабиниҳои аввалиндараҷаи ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ-ро барои солҳои 2015-2016»-ро маъқул донист, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як силсила чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.
 
 

Октябрь 10, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад