Мубориза бар зидди терроризм тақвият меёбад

Октябрь 15, 2014 10:11

 Душанбе, 15.10.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Дар назар аст, ки имрӯз, 15 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» илова ворид намоянд.
    Ҳамзамон интизор меравад, ки вакилони Парлумон  пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди  ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи милитсия“ ва „Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона“-ро  баррасӣ ва маъқул шуморида, қабул намоянд. 
     Ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонунҳои мазкур, таъмини амният ва суботи давлату миллат, ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатарҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, инчунин мубориза бар зидди терроризм, эктремизм ва  ҷинояткории муташаккилона  аст, ки дар тӯли даҳсолаҳои охир бархе аз манотиқи ҷаҳонро ба нуқоти даргир  ва доғи сайёра табдил дода, хавфу хатарҳоро дар субот ва амнияти кишварҳо ба бор овардааст. 

Октябрь 15, 2014 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!