Мусодираи «Нақши Сулаймон» ва «Куллиёти Канз-ул-Ҳусайн»
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Кормандони гумрук ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба табъу нашр» кӯшиши ворид намудани китобҳоеро, ки мазмуни сеҳру ҷоду доранд, ба қаламрави ҷумҳурӣ бе ташхиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Тавре ки аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, ҳангоми барасмиятдарорӣ ва бурдани назорати гумрукӣ дар гузаргоҳи сарҳадии гумрукии Панҷи Поён дар вақти азназаргузаронии бағоҷи дастии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибишарифа Қаршибекова, сокини ноҳияи Панҷ се адад китоби динӣ дарёфт шуд. Тибқи хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ китобҳои гирифташуда- «Нақши Сулаймон» як адад, «Куллиёти Канз-ул-Ҳусайн» ду адад мансуб ба китоби сеҳру ҷоду буда, бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошанд.
Нисбат ба ҳолати мазкур парвандаи ҳуқуқии вайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






