Н.Патрушев: «Муносибатҳо ба таври судманд рушд меёбанд»

Октябрь 17, 2014 16:46

 
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз,  17  октябр,  котиби  Шӯрои  амнияти  Федератсияи  Русия  Николай Патрушев  дар  ҳошияи  сафараш  ба  Тоҷикистон  бо  Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон  мулоқот  намуд.
Зимни  мулоқот  ҳамкориҳои  дуҷонибаю  бисёрҷонибаи Тоҷикистону  Русия  дар  бахши  амният  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.  Ҳамзамон   аз  рӯи  масоили  марбут ба  амнияти  минтақа  ва  ҷаҳон  суҳбати  судманд баргузор  шуд.
Николай  Патрушев  баъди  анҷоми  мулоқот   зимни  суҳбат бо  журналистон  зикр  намуд, ки   сафари   имрӯзаи  ӯ  ба  Тоҷикистон  баъди  машваратҳои  байни  дастгоҳҳои   шӯроҳои   амнияти  Русия  ва  Тоҷикистон  мутобиқи  нақша  сурат  гирифтааст.
«Зимни  машваратҳо   масоили  басо  муҳими  ҳар  ду  ҷониб,   аз  қабили  вазъияти  Афғонистон  бо   назардошти  аз  ин  кишвар  баровардани қувваҳои  байналмилалии  мусоидат   ба  амният баррасӣ  шуданд. Ҳамчунин   зикр  шуд, ки  бояд   ҳифзи сарҳади  Афғонистону  Тоҷикистон  боэътимод  таъмин  шавад. Перомуни  масоили   ҳамкории   ҳарбӣ  ва  ҳарбию  техникӣ,  амнияти  иттилоотӣ, ки  аҳамияти  бештаре  пайдо  мекунанд,  сухан  ронда шуд. Мо  бар  иловаи  ин   масоили   ҳамкории   дуҷонибаро  дар  бахши  таъмини  амният муҳокима  намуда,  камина   дар  ин  боб  бо ҳамтоёнам  мулоқоти  дуҷониба  доштам», —  зикр  намуд Николай  Патрушев. 
«Имрӯз  Президенти  Тоҷикистон  маро  пазируфт, ки барои  ин  ба вай  як ҷаҳон ташаккур  мегӯям,  — афзуд  Николай  Патрушев. Мо  бо Эмомалӣ  Раҳмон  масоили  амнияти   байналмилалиро, аз  қабили  амнияти   минтақа  ва  муборизаи  якҷоя  бар зидди   хавфу  хатар  мавриди  муҳокима  қарор  додем. Дар навбати  аввал  ба хавфу  хатари  терроризми  байналмилалӣ ва қочоқи  ғайриқонунии  маводи  мухаддир таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  намуда,  дар  баробари  ин  зикр  намудем, ки муносибатҳои байни  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва  амнияти  кишварҳоямон ба таври  мусбат рушду  густариш  ёфта,  вазифаҳои  дар  наздамон  гузошташударо  ба  таври  самарабахш  ҳал  менамоем. Фикр  мекунам, ки  ҳамаи вазифаҳои зимни  суҳбат  дахлшуда ба мақомоти  дахлдор  вогузор   мешаванду  фаъолиятамон ба таври  судманд   рушду  густариш  меёбад», —   гуфт  дар  хотима  котиби  Шӯрои  амнияти  ФР.
 
 

Октябрь 17, 2014 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст