Сафар ба хориҷа: зиёда аз 600 ҳазор нафар дар 9 моҳ

Октябрь 14, 2014 09:24

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-  Дар 9 моҳи соли 2014 аз ҷумҳурӣ 676 ҳазору 302 шаҳрванд  (-138.683) ба хориҷа сафар намуд.  Дар ҳамин давраи соли 2013  ин шумора 814 ҳазору 985 нафарро ташкил дода буд. 
Аз ин шумора 82,5 фоизи сафаркардаҳоро мардон ва боқимонда 17,5 фоизро занон ташкил медиҳанд. 
Аз ин 538 ҳазору 819 нафар ё 79,6% муҳоҷири меҳнатӣ мебошад.
Дар  ин давра аз шумораи умумии  муҳоҷирони меҳнатӣ ба  Федератсияи Русия  530 ҳазору 324  нафар,  ба Қазоқистон 6.073 нафар,  ба Қирғизистон 1ҳазору 301 нафар,  ба Афғонистон 388 нафар, ба  Туркия 194 нафар, ба  Чин 190 нафар, ба Эрон 222 нафар  ва ба дигар давлатҳо сафар карданд. 
Дар 9 моҳи соли равон  397 ҳазору 675 нафар  шаҳрванди Тоҷикистон  аз хориҷа баргашт, ки аз он  279 ҳазору 323  нафар муҳоҷири меҳнатӣ мебошад 
Аз гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Русия барои ҳуқуқвайронкунии қоидаҳои будубош 1 ҳазору 671 нафар бозпас гардонида шуд, ки  аз он 1 ҳазору 519 нафар  мард ва  152 нафараш зан  мебошад. 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд. 

Октябрь 14, 2014 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!