Сафари ҳунарии кормандони театри Данғара ба Чкалов
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара бо роҳбарии корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Кабутов бо барномаи консертӣ ба шаҳри Чкалов сафар намуданд ва барномаи онҳо аз ҷониби ҳаводорони савту наво хуш истиқбол шуд.
Ба гуфтаи директори Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара-Зубайдулло Кабутов, сафари ҳунарии ҳунармандони театр бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 9-уми октябр оғоз гардида, то 22-юми октябр идома хоҳад ёфт.
Зикр гардид, ки барномаи консертии ҳунармандони театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Айнӣ, Шаҳристон, Спитамен, Ғончӣ ва Ҷаббор Расулов ба намоиш гузошта шуда, он дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Хуҷанд ва марказҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои дигар низ намоиш дода мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






