Сарқонун: гувоҳномаи давлати озоду мустақил
Душанбе, 11.10.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рўйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва ичтимоию фарҳангие ба вуқўъ пайваст, ки он дар саҳифаи рўзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун рўзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.
Аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бори аввал Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд ва он ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи тақдири имрўзу фардои миллати куҳанбунёд дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Боиси зикр аст, ки дар таҳия ва омодасозии Сарқонуни даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак аз қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-сол сипарӣ мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамасола таҷлил менамоянд.
6-уми ноябри соли 1994 Сарқонуни мамлакат вобаста ба зарурати таърихӣ ва вазъи сиёсӣ-ҷамъиятии давлат дар асоси меъёрҳои суннатии ниёгон ва санадҳои ҳуқуқии башарӣ қабул гардида, ба сохтори давлатдорӣ тағйироти ҷиддӣ ворид намуд.
Таҳлил ва муқоисаи илмӣ-назариявии меъёрҳои Конститутсияи охирини Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1978 бо Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1994 худ гувоҳи ин гуфтаҳо буда, таҳлили ин ҳолат бартариятҳои Конститутсияи соли 1994-ро назар ба Конститутсияи даврони шӯравӣ баръало нишон медиҳад.
Бояд гуфт, ки сиёсатмадорону таҳлилгарон асоси пешрафти давлат, ташаккули ҷомеа ва инкишофи ғояҳои солими давлатдориро натиҷаи мавҷудият ва амалишавии меъёрҳо ва талаботи қонуни асосии ҳар як кишвар маънидод менамоянд.
Аз ин рӯ, давлате, ки барои таъмини амалишавии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ шароит фароҳам намеорад, ба монеа ва мушкилоти гарон дучор мегардад. Ин аст, ки тавассути сиёсати олии роҳбарияти Тоҷикистон ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат амалӣ гардида, Конститутсия (Сарқонун)-и нави Тоҷикистон эҷод гардид.
Вақте ки кас ба мазмун ва моҳияти меъёрҳои Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шинос мешавад, хоҳ- нохоҳ сарчашмаи пайдоиши ин меъёрҳои тақдирсози миллатро дарк карданӣ мешавад. Аз ин рӯ набояд фаромӯш кард,ки чунин меъёрҳои дар ҳаёти мардум суфта гашта, пеш аз ҳама аз қаъри асрҳо, аз дуриҳои дур, аз қалб ва хуни миллати мо сарчашма гирифтаанд.
Бояд зикр кард, ки ҳар як фарди соҳибтамаддуни тоҷик бо таърихи чандҳазорсолаи худ воқеан сазовори чунин Конститутсияи ифодакунандаи ҳама гуна нияту амалҳои поки миллат ва давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳамчун як нафар мутахассиси соҳаи ҳуқуқ тарғибу ташвиқ ва фаҳмондадиҳии меъёрҳои Конститутсияро ба дигар шаҳрвандон уҳдадории ҷонии худ ҳисобида, дар доираи талаботи ин санади олии ҳуқуқӣ кор ва зиндагӣ карданро ифтихори бузург, шараф, номус ва қарзи фарзандии худ дар назди миллат ва Ватани соҳибистиқлол медонад.
Гуфтанист, ки рамзу нишони давлатӣ ва дигар муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистони азиз барои ҳамаи мо-тоҷику тоҷикистониён мояи ифтихор ва муқаддас буд, ҳаст ва мемонад. Бошад, ки ояндаи фарзандони мо низ бо чунин санади олии ҳуқуқӣ ҷовидону нурафшон бошад.