Соҳибкорони олмонӣ дар Форуми cармоягузории «Душанбе-2014»

Октябрь 11, 2014 11:38

Душанбе, 11.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои ҷалби соҳибкорони Олмонӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014», ки рӯзи 14-15 октябри соли 2014  дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо роҳбарияти Кумитаи Шарқи Иқтисоди Олмон ва  намояндагиҳои ширкатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории ин кишвар мулоқоту вохӯриҳо анҷом дод. 
Дар вохӯриҳо мақсаду ҳадафҳои форуми мазкур ба ҷонибҳои манфиатдор муаррифӣ гардида, онҳо барои иштирок дар ин ҳамоиши иқтисодӣ даъват гардиданд.  Аз ҷумла қайд карда шуд, ки яке аз мақсадҳои асосии ин чорабинии сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва шарикии байни соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ дар чунин соҳаҳо ба монанди энергетика, саноат, инфрасохтор, фаъолияти бонкӣ, молия, кишоварзӣ, туризм бо тамоюл ба навсозии техникию технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти таёри қобили рақобати  ҷавобгӯи стандарҳои ҷаҳонӣ ва васеъ гардонидани иқтисоди содиротии ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 
Дар навбати худ, доираҳои соҳибкории Олмон омодагии худро барои иштирок дар ин  форум изҳор дошта, шароитҳои муҳайёгардидаи ҷалби сармоягузорӣ дар мамлакатро мусоид арзёбӣ намуданд.
Дар Форуми иқисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014» намояндагони ширкатҳои DPU Investment GMbH, Gauff Power International, AEG Power Solutions GmbH, Kronen GmbH, ILF Beratende Ingenieure ва дигарон иштирок ва имкониятҳои худро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда муаррифӣ менамоянд.
 
 

Октябрь 11, 2014 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд