Соли 2015 подоши меҳнати табибон тағйир хоҳад ёфт

Октябрь 20, 2014 10:06

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Тайи солҳои охир бо ташаббуси Президенти мамлакат ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ афзун гардида, аз ин ҳисоб шароити корию хизматрасонии тиббӣ ба ниёзмандон беҳтар гаштааст. Агар то имрӯз духтурону ҳамшираҳои шафқати самти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, новобаста ба донишу малакаи кордонии хеш баробар маош мегирифтанд, шурӯъ аз моҳи январи соли 2015 ҳаҷми подоши меҳнати онҳо ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт.
 Маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷорӣ  шуда, сармоягузории онро Бонки ҷаҳонӣ бар зимма гирифтааст. Бо назардошти нақша роҳандозии намудҳои нави хизматрасонӣ дар 4 ноҳияи таҷрибавии Фархору Ёвон, Ҷ. Румӣ ва Қубодиёни вилояти Хатлон ва чор ноҳияи вилояти Суғд ба инобат гирифта шуда, аллакай масъулони ҳамин риштаро барои иҷрои вазифаҳои минбаъдаи хеш омода мекунанд.
Бар замми ин дар чор ноҳияи таҷрибавии вилояти Хатлон омодасозии кадрҳои баландихтисос, таъмиру навсозии аксари муассисаҳои тиббии кумаки аввалия шурӯъ гардида, қабул ва ирсол намудани тамоми маълумоти оморӣ ба таври электронӣ сурат мегирад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, аз ҷониби Лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, имрӯзҳо дар 4 ноҳияи таҷрибавӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ оид ба принсипҳо ва механизми асосии маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ аз рӯйи натиҷаҳо идома дошта, 298 нафар корманди самти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ин чорабиниҳо ширкат хоҳанд дошт.
 
 
 

Октябрь 20, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд