Суғд: ҳалокати 17 мактаббача дар садамаҳои нақлиётӣ

Октябрь 16, 2014 10:35

Хуҷанд, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилояти Суғд бо иштироки велосипедронҳо, хосатан кӯдакону наврасон  аз аввали сол инҷониб афзудааст. Чанде қабл дар ноҳияи Спитамен дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ боз як велосипедрони ноболиғи 16- сола, хонандаи яке аз мактабҳои нохия  ба ҳалокат расид. 
Тавре ки аз маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд  иттилоъ доданд, дар давоми соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилоят қариб 300 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа наздики 90 нафар ҳалок гардида, беш аз 270 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
Аз чумла,  дар ҳамин давра дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар миқёси вилоят 17 мактаббача  ба ҳалокат расида, 50 нафари дигар  ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ гирифт. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз аввали сол бар асари содир гардидани 17 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ 7 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардошт.  
 
 

Октябрь 16, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад