Ташрифи Э. Раҳмон бо хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров

Октябрь 7, 2014 14:07

 
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар деҳаи ҳаваскори ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами сабзавоткории аҳли хонаводаи ӯ бевосита шинос шуд.
 
Зимни боздид аз ҳавлӣ ва қитъаи наздиҳавлигии ин деҳқони заҳматкаш аён гардид, ки ҳар як ваҷаб замин дар ин ҷо пурсамар истифода мешавад. Аз ҳамин қитъаи замин аҳли ин хонавода дар як сол 3 ва зиёда аз он ҳосил мерӯёнанд. Дар як замин якчанд намуди зироат корида мешавад, ки ҳар яке пайи ҳам пухта мерасад ва дар ҷойи зироати ҷаъоваришуда дигараш кошта мешавад. Танҳо аз бодиринги қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки ҳамагӣ 20 садяк аст, онҳо 25 тонна бодиринг ҷамоварӣ кардаанд. Онҳо ҳамчунин карам, боймиҷон, сабзӣ, қаламфур ва дигар намуди сабзавот парвариш мекунанд.
 
Заминро онҳо тавассути сохтани гармхонаҳои муваққатӣ чор фасли сол пурсамар истифода мебаранд.
 
Дар деҳаи ҳаваскор мисли онҳо 200 хонавода аст, ки бо чунин сабзавоткории намунавӣ машғул буда, дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза, аз ҷумла сабзавоти зимистона ва барвақтӣ саҳми намоён мегузоранд.
 
Деҳқони асил Тулқун Кучаров бо фарзандонаш ҳамчунин дар 2 га замини корами обӣ хоҷагии деҳқонӣ ташкил намудааст.
 
Ҳамаи аъзои ин хонаводаи Тулқун Кучаров ва наздиконаш ризқи фарохи худ аз сабзавоткорӣ ҳосил мекунанд.
 

Октябрь 7, 2014 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад