10 ноябр- ҷашни касбии ҳомиёни ватан

Ноябрь 10, 2014 11:40

Мақомоти милитсия тибқи таъйиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд. Эмомалӣ РаҳмонДушанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз дар ҷумҳурӣ таъсиси мақомоти милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Ин ҷашн дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ арзи ҳастӣ дорад. Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.Аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.Ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-ум ва ҷанги фалокатбори таҳмилӣ пешорӯи шарафу мардонагӣ ва садоқату шуҷоатмандии милитсияи тоҷик имтиҳони навбатиро гузоштанд.Дар ин ҷода мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бо қувваҳои ҷинояткор фидокорона дар набард шуданд, ки дар ҷараёни он садҳо нафар кормандони милитсия ҷони худро аз даст доданд.Дар ҷомеа падидаҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонданд.Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.Давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти кормандони милитсия ва иҷрои содиқонаи вазифаҳояшон робитаи бевосита дорад, зеро маҳз онҳо дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор доранд ва ҳамарӯза ҷони худро дар хатар гузошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонунро ҳифз менамоянд.Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама давру замон яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти милитсия ба шумор мерафт.Соли ҷорӣ «Барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон то давраи соли 2020» ва нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи он қабул гардид, ки дар онҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ дар хусуси таҳия ва амалигардонии ҳуҷҷатҳои стратегӣ оид ба дурнамои пешрафти соҳа ба эътибор гирифта шудаанд.Вобаста ба ислоҳоти низоми идораи Вазорати корҳои дохилӣ давлату Ҳукумат нақшаҳои зиёд доранд, ки ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва ба талаботи замона мутобиқ гардонидани фаъолияти ин мақомот мебошад.Таҳияи лоиҳаи «Қонун дар бораи политсия» ва «Қонун дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошад.Давлат маҳз тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан милитсия бар зидди зуҳуроти нангин мубориза бурда, барои тамоми мардум ҳаёти осоишта, ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳо ва тартиботи комили қонуниро кафолат медиҳад.

Ноябрь 10, 2014 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд