Ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 600- солагии Ҷомӣ

Ноябрь 3, 2014 17:04

 Хуҷанд, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Субҳи имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» баргузор гардид. 
Дар ҳамоиш, ки дар театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳр баргузор шуд, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон академик Носирҷон Салимов, шарқшиноси варзида аз кишвари Олмон Александр Ҳейзер, адабиётшинос ва рӯзноманигори маъруф аз кишвари Ҳоланд Меҳдии Ҷомӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадисуф Имомов, донишмандону олимон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва донишгоҳҳои дигари кишвар иштирок доштанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс аз ҷумлаи камтарин суханварони сермаҳсул, соҳиби таълифоти фаровон дар назму наср ба шумор рафта, бо эҷоди мероси гаронмоя ва беназир худро чун симои инсонӣ ва адиби ормонӣ шиносондааст. 
Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур тӯли ду рӯз дар шаш бахш идома хоҳад ёфт.
 

Ноябрь 3, 2014 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад