Ҷаласаи навбатии TEMPUS- UNIVIA дар Украина

Ноябрь 20, 2014 10:01

Душанбе, 20.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дар Донишгоҳи миллии иқтисодии Киев ҷаласаи навбатии иштирокчиёни лоиҳаи TEMPUS- UNIVIA баргузор гардид, ки дар қатори намояндагони донишгоҳҳои Озарбайҷон, Қирғизистон, Украина, Итолиё мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Темур Каримов, ҳамчун ҳамоҳансози лоиҳаи мазкур дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иштирок намуд. 
Ҷаласа таҳти роҳбарии ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалии донишгоҳи номбурда Анатолий Наливайко ҷараён гирифт. Шоҳин Байрамов, ноиби ректори донишгоҳи иқтисоди Озарбойҷон ва Бейим Набиева, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии номбурда чун ҳамоҳангсозони кулли лоиҳа оид ба натиҷаҳо ва мушкилоти даври аввали накшаи корӣ маълумоти муфассалро баррасӣ намуданд. 
Зикр гардид, ки дар 6 моҳи фаъолият аз тарафи донишгоҳҳои иштирокчиёни консорсиум нақшаҳои пешбинишуда иҷро гардиданд. Аз семинари ташкилии лоиҳа аз моҳи январи соли 2014 то моҳи октябр чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ дар донишгоҳҳои Ворвики Британаияи Кабир, Малагаи Испания, Сантяго де Кампостела ва Балонияи Итолиё гузаронида шуданд, ки дар онҳо намояндагони ҳамаи донишгоҳҳо иштирок намуданд. 
 
 

Ноябрь 20, 2014 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!