Ҷилавгирии кӯшиши интиқоли маводи мухаддир
Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Боз як амалиёти муваффақона барои ҷилавгирии интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон анҷом ёфт.Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар ҷараёни амалиёти муштарак ҷиҳати мубориза бо ҷинояткориҳо дар бахши интиқоли маводи мухаддир байни Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии ҶМЧ кӯшиши ба ҳудуди вилоят ворид намудани маводи мухаддирро ҷилавгирӣ намуданд.«Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди деҳаи Андарови ноҳияи Ишкошим шаҳрванди 20 — солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир шуда, аз ӯ бастаи полиэтилентии дорои 5 килограмм ҳашиш мусодира гардид. Шуъбаи тафтишоти Агентӣ аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, алҳол барои муқаррар намудани шаҳрвандони дар ин ҷинояткорӣ иштирокдоштаи Тоҷикистон чораҳои зарурӣ дида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






