Ҷонибдории як қонуни конститутсионӣ дар иҷлосияи ММ МО ҶТ

Ноябрь 20, 2014 14:08

 
 Душанбе, 20.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 20 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид. Дар иҷлосия беш аз 30 масъалаи вобаста ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар матраҳ гардид, ки яке аз онҳо  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» буд.
     Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси мурофиавии  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи амният» ва «Дар бораи  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи  қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,   «Дар бораи қӯшунҳои дохилии  Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ,«Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии  хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»,  «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи гарави амволи манқул», «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Дар бораи реклама» ва  «Дар бораи итттилоот» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
            Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Бахтиёр Худоёрзода,  Саидмурод Тағозода, Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода,  Қурбон Убайдулло Абдулло ва  Фарҳод Раҳимӣ моҳияти  масъалаҳои  мазкурро тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур такмили қонунгузории  кишвар, мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ,  волоияти қонун, тақвияти мубориза ба зидди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилона, маблағҳои бо роҳи терроризм ба даст омада ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир  мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бештари қонунҳои  дар иҷлосия баррасигардида хусусияти таҳрирӣ доштанд.
    Дар иҷлосияи нуздаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат ҳамзамон номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини  шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Ашт, Шӯрообод, Қубодиён  ва Бохтар тағйир дода шуданд. 

 

Ноябрь 20, 2014 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад