Ба ҷавонони 18- сола ҳашиш чӣ даркор?
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи як амалиёт ду нафар сокини 18-солаи ноҳияи Ёвонро, ки мехостанд дар ҳудуди пойтахт маводи нашъаоварро фурӯшанд, дастгир намуданд.Барои амалӣ намудани хабари фаврӣ қарор қабул шуд, ки онҳоро бо далели шайъӣ дастгир намоянд.Дар вақти азназаргузаронии шахсӣ аз онҳо бастаи полиэтиленӣ бо маводи растанимонанди дорои бӯйи махсус ёфт ва мусодира гардид.Озмоишгоҳи ташхиси судӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш аст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.Онҳо ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии агентӣ ворид шуданд.Тавре ки аз хадамоти матбуотии агентӣ иттилоъ доданд, дар айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-фаврии АНМН тадбирҳои заруриро ҷиҳати муайян кардани дигар шахсоне. ки ба ин ҷиноят марбутанд, андешида истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






