Бозомўзии масъулини соҳаи сайёҳӣ дар маҳал

Ноябрь 24, 2014 11:15

Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар мавзўи «Эҳёи рушди туризми экологӣ бо мақсади беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ» семинари омўзишӣ баргузор гардид. Дар он намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ барои масъулини раёсат, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва устодону донишҷўёни риштаи туризми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ширкат варзиданд. 
Ҳадафи семинар баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи туризм дар ҷодаи эҳё ва рушди туризми экологӣ мебошад. Хотиррасон бояд кард, ки имрўз ВМКБ бо манзараҳои зебои экологиву таърихӣ ва кўҳию варзишӣ ҷолиби диққати сайёҳон буда, дар айни замон дар вилоят 12 ширкати туристӣ, зиёда аз 55 адад хонаи хурд,  4 адад осоишгоҳи табиӣ, 16 адад меҳмонхона дар хизмати сайёҳон мебошад.

Ноябрь 24, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад