Э. Раҳмон: «Таърихи ВКД пур аз саҳифаҳои шуҷоату далерист»
Душанбе, 10.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Таърихи мақомоти корҳои дохилӣ пур аз саҳифаҳои корнамоӣ ва шуҷоату далерӣ мебошад, ки аз содиқ будани хизматчиёни он ба савганди касбии худ гувоҳӣ медиҳад»,- зикр намуд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.Сарвари Давлат инчунин иброз намуд, ки маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.Метавон садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷони худро нисор кардаанд.Аз ҷониби Сарвари Давлат ҳамчунин бори дигар таъкид шуд, ки номи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини кишварамон абадан сабт гардидаанд.Президенти кишвар аз хизматҳои шоистаи шахсиятҳои арзанда ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар ташаккул ва рушди ин сохтори муҳими давлатӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон арзанда ҳисобида, зарур шуморид, ки хизматҳои арзандаи онҳо ҳарчи бештар барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди милливу ватандорӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол истифода шаванд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






