Хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ барои маркази саломатӣ

Ноябрь 20, 2014 11:01

Душанбе, 20.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Чанде пеш дар шаҳри Душанбе маросими имзои созишномаи грантӣ аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада ва намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон Кентаро Соноура баргузор гардид.
Гранти мазкур харидории  таҷҳизоти муосири тиббӣ барои Маркази саломатии №4 шаҳри Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 88 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Таҷҳизоти грантӣ  асосан аз воситаҳои ташхисӣ иборат аз 10 намуд,  аз ҷумла дастгоҳи рентгенӣ, флюрографӣ, ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ), дастгоҳи барқии санҷиши кори дил ва рагҳои хунгард    иборат аст. Тамоми таҷҳизот пеш аз ҳама барои сари вақт ва дақику босифат муайян намудани сабабҳои беморӣ пешбинӣ шуда, назар ба хулосаи табибон барои паст намудани сатҳи фавти модару кӯдак, беҳдошти саломатии занон  дар давраи ҳомиладорӣ  мусоидат менамояд. Ҳамчунин мувофиқи лоиҳаи мазкур дар маркази саломатии номбурда  барои маҷрӯҳони гурӯҳҳои 1 ва 2, оилаҳои ниёзманд, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сил, кӯдакони то як сола ва маъюби модарзод,  хизматрасонии ташхисӣ ройгон ба роҳ монда мешаванд.
Муҳлати лоиҳа то 31 марти соли 2015 буда, дар ин муддат таҷҳизоти пешбинишуда пурра харид гардида, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Лозим ба ёдоварист, ки Маркази саломатии мазкур аз соли 1967 фаъолият намуда, имрӯз барои 43 ҳазор нафар сокини соҳили рости маркази вилоят хизмат мерасонад. Дар ҳудуди хизматрасонии ин марказ 10 мактаби таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи томактабӣ ва чандин корхонаю ташкилоти мухталиф ҷойгир аст.

Ноябрь 20, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад